Бидон ки сафар дуаст : яке ба ботин ва яке ба зоҳир . Сафари ботини сафар диласт дар малакӯти осмону замину аҷоиби сунъи эзади таъолӣу манозили роҳи дайну сафари мардон инаст ки ба тан дар хона нишаста бошанд ва дар биҳиштӣ ки паҳнои ваии ҳафт осмон ва заминаст ҷавлон мекунанд , чаҳ оламҳои малакӯти биҳишт орифонаст . Он биҳиштӣ ки манъу қатъро ба вай роҳ несту ҳақи таъолии бад-ӣни сафар даъват мекунад бад-ӣни оят ки мегуяд , « аввалами инзрўои фии малакӯти алсмўоту аларз ва мо халқи аллоҳи ман шииء »
Ва касе ки аз ин сафар оҷиз ояд , бояд ки ба зоҳир сафар кунаду колбудро барад то аз ҷое фоида Эй гирад . Ва мисли ин чун касе буд ки ба пои хеш ба каъба расад ва мисли он дигар чун касе буд ки бар ҷой нишаста , каъба вай ояду гирди вай тавоф мекунаду асрори хеш бо вай мегуяду тафовути миёни ин ва он бисёраст . Ва аз ин буд ки шайхи абӯи Саиди абўолхири рҳмҳм аллоҳ гуфтӣ ки номардонро пой обила гардаду мардонро сарин ва мо одоби сафари зоҳир дар ин китоб ёд кунем дар ду боб ки шарҳи сафари ботини дақиқ буд ва дар чунин китоб шарҳ напазирад :
Боби аввал дар нияти сафару одобу анвоъи он
Боби дувум дар илми рухсатҳои сафар .