Бидон ки дар самоъи се мақомаст : аввали фаҳм , онгоҳи ваҷд , онгоҳи ҳаракат . Ва дар ҳар яке суханаст :

Мақоми аввал

Дар фаҳмаст аммо касе ки самоъ ба табъу ғифлати шунӯд ё бар андеша махлуқ кунад , хасистар аз он буд ки дар фаҳму ҳоли вай сухан гӯйанд , аммо он ки ғолиб бар ваии андеша дайн бошаду ҳуби ҳақи таъолӣ буд , ин бар ду дараҷа бошад :

Дараҷаи аввали дараҷа мурӣд бошад ки вайро дар талаби хешу сулӯки роҳи хеши аҳвол мухталиф бошад аз қабзу басту осонӣу душворӣу осори қабулу осори раду ҳамагии дили ваии он фурӯ гирифта бошад чун сухании шунӯд ки дар ваии ҳадиси итобу қабулу раду васлу ҳиҷру қурбу баъду ризоу схту умеду навмидӣу фироқу висолу хавфу амну вафо ба аҳд ва беаҳдӣу шодии висолу андӯҳи фироқ буд . Ва ончӣ бад-ӣн монад , бар аҳволи хеш танзил кунаду ончӣ дар ботин вай бошад афрӯхтан гираду аҳволи мухталиф бар вай падед ояду вайро дар он андешаҳои мухталиф буд ва агар қоидаи илм ӯ муҳкам набӯд , бошад ки андеша ҳо уфтад вайро дар самоъ ки он куфр бошад ки дар ҳақи ҳақи таъолии чизе самоъ кунад ки он маҳол бошад , чунон ки ин байти шунӯди Маслан ки :

Зоўл ба миннати майли бади он майл куҷост ?

Ва имрӯзи малули гаштӣ аз баҳр чарост ?

Ҳар мурӣдӣ ки вайро бдоитии тез ва равон бӯда бошаду онгоҳи заъифтар шуда бошад , пиндорад ки ҳақи таъолиро ба ваии аноятӣ ва майлӣ бӯдааст ва акнӯн бгрдидаҳ ва ин тағайюр дар ҳақи таъолӣ фаҳм кунад , ин куфр буд , балки бояд ки донад ки тағайюрро ба ҳақ роҳ набӯд , вай мғираст ва мутағаййир нест . Бояд ки донад ки сифати вай бгрдидаҳаст то он маънӣ ки кушода буд дар ҳиҷоб шуд аммо аз он ҷониби худ ҳаргизи манъу ҳиҷоб ва малол набошад , балки дар гоҳ кушодааст . Ба мисли чун офтоб ки нури вай мабзуласт магар касеро ки пас деворӣ шавад ва аз вай дар ҳиҷоб уфтад , онгоҳи тағайюр дар вай омада бошад на дар офтоб . Бояд ки гуяд :

Хуршеди баромад эй нигорин дайр аст

Бар банда агар нтобад аз адбир аст

Бояд ки ҳаволаи ҳиҷоб ба идбор хеш кунад ва ба тақсирӣ ки бар рафта бошад на ба ҳақи таъолӣ . Мақсӯд аз ин мисол онаст ки бояд ки ҳарчӣ сифот нақсаст ва тағайюраст дар ҳақи хешу нафаси хеш фаҳм кунад ва ҳарчӣ ҷамолу ҷалол вуҷӯдаст дар ҳақи ҳақи таъолӣ фаҳм кунад . Агар ин сармоя надорад аз илм , зуд дар куфр уфтад ва надонаду бад-ӣн сабабаст ки хатари самоъ бар дӯстии ҳақи таъолӣ азимаст .

Дараҷаи дувум он бошад ки аз дараҷаи мурӣдон дар гузашта бошаду аҳволи мақомоти боз пас карда бошад ва ба ниҳояти он ҳоли расида буд ки онро фано гӯйанду нестӣ , чун азоФт кунанд бо ҳарчӣ ҷуз ҳақаст ва тавҳид гӯйанд ва ягонагӣ гӯйанд чун ба ҳақ азоФт кунанду самоъи ин кас на бар сиблати фаҳм маънӣ бошад , балки чун самоъ ба вай расад он ҳоли нестӣу ягонагӣ бар вай тоза шавад ва ба куллият аз хештан ғоиб шавад ва аз ин олам бехабар шавад ва бошад ба мисли агар дар оташ уфтад хабар надорад , чунон ки шайхи Абулҳасани нурии рҳмҳми аллоҳ дар самоъ ба ҷое дрдўид ки не дуруда буданду ҳама поиш мебуриду вай бехабару самоъи ин тамомтар буд . Аммо самоъи мурӣдон ба сифоти башарияти омехта буд ва ин он буд ки вайро аз худ ба куллият бастанд , чунон ки он занон ки Юсуфро диданду ҳамаи худро фаромӯш карданд ва даст буриданд .

Ва бояд ки ин нестиро инкор накунӣу гӯйии ман вайро май байнам , чигуна нест шудааст ? ки вай на онаст ки ту май бинӣ ки он шахсаст ва чун бимиради ҳам май бинӣ ва вай нест шуда , пас ҳақиқати ваии он маънӣ латифаст ки маҳал маърифатаст . Чун маърифати чизҳо аз вай ғоиб шуд , ҳама дар ҳақ вай нест шуд ва чун ҷузи зикри ҳақ таъолӣ намонад ҳарчӣ фонӣ буд бишуд ва ҳарчӣ боқӣ буд бимонад , пас маънии ягонагии ин буд ки чун ҷузи ҳақи таъолиро набинад , гӯйии ҳама худ ӯст ва ман неам ва боз гуяд ман худ ӯему гуруҳе аз ӣнҷо ғалат кардаанд ва ин маъниро ба ҳулӯл иборат кардаанду гуруҳе ба иттиҳод иборат кардаанд ва ин ҳамчунон бошад ки касе ҳаргизи оина надида бошад , дар вай нигарад , сӯрат худ бинад , пиндорад ки дар оина фурӯд омад ё пиндорад ки он сӯрати худ сӯрат оинааст ки сифати оинаи худ онаст ки сурх ва сипед бинмоед . Агар пиндорад ки дар оина фурӯд омад ин ҳулӯл буд ва агар пиндорад ки оинаи худ сӯрат вай шуд ин иттиҳод буд . Ва ҳар ду ғалатаст , балки ҳаргизи оина сӯрат нашаваду сӯрат оина нашавад валикини чунон намояд ва чунон пиндорад касе ки корҳо тамоми нашинохта буд . Ва шарҳи ин дар чунин китоби душвор тавон гуфт ки илми ин дарозаст .

Мақоми дувум

Чун аз фаҳм фориғ шуд ҳолеаст ки аз фаҳм падед ояд ки онро ваҷд гӯйанд ва ваҷд ёфтан буду маънии он буд ки ҳолатӣ ёфт ки пеш аз ин набӯд ва дар ҳақиқати ин ҳолати сухан бисёраст ки он чисту дуруст онаст ки он як навъ набӯд , балки анвоъ бисёр буд , аммо ду ҷинс бошад , яке аз ҷинси аҳвол буд ва яке аз ҷинси мукошифот .

Аммо аҳволи чунон буд ки сифатӣ аз он вай ғолиб шаваду вайро чун маст гирданд ва он сифат , гоҳи шавқ буду гоҳи хавфу гоҳи оташи ишқ буду гоҳи талаб буду гоҳи андӯҳӣ буду гоҳи ҳасратӣ буд . Ва ақсоми ин бисёраст , аммо чун он оташ дар дил ғолиб шуд , дӯди он бар димоғ шаваду ҳавоси вайро ғалаба кунад то набинад ва нашунӯд чун хуфта ё агар бинад ва башнавад аз он ғофилу ғоиб буд чун маст .

Ва навъи дигар мукошифотаст ки чизҳо намӯдан гирад аз ончии суфиёнро бошад , баъзе дар кисвати мисол ва баъзе сариҳу асари самоъ дар он аз он ваҷҳаст ки дилро софӣ кунад ва чун оина бошад ки гардӣ бар вай нишаста бошад ва пок кунанд аз он гирд то он сӯрат дар вай падед ояд . Ва ҳарчӣ аз ин маънии иборат тавон оварад , илмӣ бошаду қиёсӣу мисолӣу ҳақиқати он ҷузи он касро маълум набӯд ки бидон расида бошад , онгоҳи ҳаркасро қадамгоҳи хеши маълум буд , агар дар дайгарӣ тасарруф кунад , ба қиёси қадамгоҳ хеш кунад . Ва ҳарчӣ ба қиёс бошад аз варақи илм буд на аз варақи завқ .

Аммо ин миқдор гуфта меояд то касоне ки эшонро аз ин ҳол тзўқ набошад , борӣ бовар кунанд ва инкор накунанд ки он инкори эшонро зиён дораду сахти аблаҳ буд касе ки пиндорад ки ҳарчӣ дар ганҷина вай набӯд , дар хазона мулӯк набӯду аблаҳтар аз вай касе буд ки хештанро бо мухтасарии хеш подшоҳӣ донад ва гуяд ки ман худ ба ҳама расидааму ҳамаи марои гашт ва ҳарчӣ маро нест худ несту ҳамаи инкорҳо аз ин ду аблаҳии хезад .

Ва бидон ки ваҷд бошад ки ба такаллуф буд ва он айни нифоқ буд , магари он ки ба такаллуфи асбоби он ба дил май орад то бошад ки ҳақиқати ваҷд падед ояд . Ва дар хабараст ки чун қуръони шинавии бгриӣ ва агар гиристан наёяд такаллуф кунӣ . Маънӣ онаст ки ба такаллуфи асбоби ҳузн ба диловарӣ ва ин такаллуфро асараст , бошад ки ба ҳақиқат адо кунад .

Суол : агар касе гуяд ки чун самоъи эшон ҳақаст ва барои ҳақаст , бояд ки дар даъватҳо мақарёнро нишондӣу қуръони хондандӣ , на қўолонро ки сурӯд гӯйанд ки қуръони калом ҳақасту самоъ на аз ваии аўлитр .

Ҷавоб : онаст ки самоъ аз оёти қуръон бисёр бошаду вуҷӯд аз он бисёр падед ояд ва бисёр бошад ки аз самоъи қуръон биҳуш шаванд ва бисёр кас бӯдааст ки дар он ҷон додаасту ҳикоёти он овардан дарозаст ва дар китоби эҳё ба тафзил гуфтаем , аммо сабаби он ки бадали мақарӣ қўол нишонанду бадали қуръон сурӯд гӯйанд панҷаст :

Аввали он ки оёти қуръони ҳама бо ҳоли ошиқон муносибат надорад ки дар қуръони қиссаи кофарону ҳукми муомилоти аҳли дунё ва чизҳои дигар бисёраст ки қуръони шифои ҳамаи аснофи халқи рост чун мақарӣ ба мисли ин оят бархонад ки модарро аз мироси шаш як буду хоҳарро нима буд ё ин заниро шӯии бимирад , чаҳор моҳи даҳ рӯзи ъдт бояд дошту амсоли ин , оташи ишқро низ нигараданд , магар касе ки бғоити ошиқ буд ва аз ҳар чизеи вайро самоъ буд , агарчӣ аз мақсӯди давр буд ва он чунон нодир буд .

Сабаби дувуми он ки қуръони бештар ёд доранд ва бисёр хонанд ва ҳарчӣ бисёр шунида ояд огоҳӣ ба дили надиҳад дар бештари аҳвол ё байтӣ ки касе пешин бор башнавад ва бар он ҳол кунад , бор дувум бидон ҳол ҳозир наёяду сурӯди нав бртўон гуфту қуръони нав брнтўон хонд ва чун араб меомаданд дар рӯзгори расӯл ( с )у қуръон тоза мешуниданд ва мегиристанду аҳвол бар эшон падед меомад , Абубакр гуфт , « кнои комаи кантами сами қсти қлўбно » гуфт , мо низ ҳамчун шумо будем , акнӯн дили мо сахт шуд ки бо қуръон қарор гирифт ва ху кард , пас ҳарчӣ тоза буд асари он беш буд .

Вай барои ин буд ки умри разии аллоҳи анҳу ҳуҷҷоҷро фармудӣ то зӯдтар ба шаҳрҳои хеши раванд , гуфт , « тарсам ки чун ху кунанд бо каъба , онгоҳи ҳурмати он аз дил эшон бархезад . »

Сабаби сими он ки бештари дилҳо ҳаракат накунад то вайро ба вазнӣу алҳонии нҷбонӣ ва барои инаст ки бар ҳадиси самоъ кам уфтад , балки бар овоз хуш уфтад , чун мавзун буд ва ба алҳон буд . Ва онгоҳ ҳар дастонеи вроҳии асар дигар дорад . Ва қуръон нишоед ки ба алҳони афканд ва бар он дастон рост кунанд ва дар вай тасарруф кунанд ва чун беалҳон буд сухани муҷарради намояд , магари оташии гарм буд ки бидон барафрӯзад .

Сабаби чаҳоруми он ки алҳонро низ мадад бояд дод ба овозҳои дигар то асар бештар кунад , чун қсбу таблу дафу шоҳин ва ин сӯрат ҳазл дораду қуръон айн ҷадаст , вайро сиёнат бояд кард ки бо чизе ёр кунанд ки дар чашми авоми он сӯрат ҳазл дорад чунон ки расӯл ( с ) дар хонаи рабиъи бинт масъӯд шуд . Он канизакон даф мезаданд ва сурӯд мегуфтанд чун вай бидиданд санои вай ба шеър гуфтан гирифтанд . Гуфт , « хомӯш бошед . Ҳамон ки мегуфтед , бигӯед . » ки санои ваии айни ҷад буд , бар дафи гуфтан ки сӯрат ҳазл дорад нишоед .

Сабаби панҷуми он ки ҳар касеро ҳолатӣ бошад ки ҳарис буд бар он ки байтии шунӯди мувофиқи ҳоли хеш , чун мувофиқ набӯд онро кора бошад ва бошад ки гуяд , « ин магӯӣу дайгарии гӯй . » ва нишоед қуръонро дар маъраз овардан ки аз он кроҳит ояд ва бошад ки ҳамаи оятҳо мувофиқи ҳол ҳар касе набошад . Агар байтии мувофиқи ҳол вай набошад , вай бар вифқи ҳоли хеш танзил кунад ки воҷиб нест ки аз шеъри он фаҳм кунӣ ки шоир хостааст , аммо қуръонро нишоед ки танзил кунӣ бар андешаи хеш ва он маънӣ қуръонӣ бигардоне .

Пас сабаби ихтиёри машойихи қўолро ин бӯдааст ки гуфта омаду ҳосили ин маъонии ду сабабанд : яке заъф шунавандау дигари бузургдошти ҳурмати қуръонро то дар тасарруф ва андеша науфтад .

Мақоми сим

Дар самоъи ҳаракату рақсу ҷома дариданаст . Ва ҳарчӣ дар он мағлуб бошад ва беихтиёр буд бидон мохўз набӯд ва ҳарчӣ ба ихтиёр кунад то ба мардуми намояд ки ваии соҳиб ҳолатаст ва набошад , ин ҳаром буд ва ин айни нифоқ буд .

Абулқосими наср ободӣ гуфт , « ман мегӯям ин қавм ба самоъ машғӯл бошанд беҳтар аз он ки ба ғайбат . » абӯи Амри бен нҷид гуфт , « агар сӣ сол ғайбат кунад бидон нарасад ки дар самоъи ҳолатии намояд ки ба дурӯғ буд ва бидон ки комилтар он бошад ки самоъ май шунӯд ва сокин мебошад ки бар зоҳири вай пайдо наёяду қӯти вай чунон бошад ки хештан нигоҳ метавонад дошт ки он ҳаракату бонг гиристан ҳам аз заъф буд , лекини чунин қӯт камтар бошад . »

Ва ҳамоно ки Абубакр гуфт , « кнои комаи кантами сами қсти қлўбно » он буд ки қавӣати қлўбно яъне сахт ва ба қӯт шуд ки тоқат он дорем ки хештанро нигоҳ дорем . Ва онкас ки хештан нигоҳ натавон дошт , бояд ки то зарурат нарасад хештан нигоҳ медорад .

Ҷавонӣ дар суҳбати ҷунайд буд чун самоъ шунид бонг кард . Ҷунайд гуфт , « агар беш чунин кунӣ дар суҳбати ман нишоеи пас вай сабр мекард ба ҷаҳдии азим то як рӯзи чандон хештан нигоҳ дошт ки ба охири як бонг карду шикамаши шикофт ва фармон ёфт аммо агар касе ки аз хештани ҳолатӣ изҳор намекунад , рақс кунад ё ба такаллуфи хештан ба гиристани орад , раво буду рақс мубоҳаст ки зангён дар масҷид рақс мекарданд ки Оиша ба назора шуд . Ва расӯл ( с ) гуфт , « ё алӣ , ту аз манӣ ва ман аз ту » аз шодии ин рақс кард , чанд бори пой бар замин зад , чунон ки одат араб бошад ки дар нишот шодӣ кунанд .

Ва бо ҷаъфар гуфт , « ту ба ман Монӣ ба халқу халқ » , вай низ аз шодӣ рақс кард . Ва зайди бен ҳорисаро гуфт , « ту бародару мавлои мое . » рақс кард аз шодӣ . Пас касе ки мегуяд ки ин ҳаромаст хато мекунад , балки ғояти ин онаст ки бозӣ бошаду бозӣ низ ҳаром нест . Ва касе ки бидон сабаб кунад ки то он ҳолат ки дар дили вай пайдо меояд қавӣ тар шавад , он худ Маҳмӯд буд .

Аммо ҷома даридан ба ихтиёр нишоед ки ин зойеъ кардани мол буд , аммо чун мағлуб бошад раво буд . Ва ҳарчанд ки ҷома ба ихтиёри дард , лекин бошад ки дар он ихтиёр музтар бошад ки чунон шавад ки агар хоҳад ки накунад натавонад ки нолаи бемор агарчӣ ба ихтиёр буд , лекин агар хоҳад ки накунад натавонад . Ва на ҳарчӣ ба иродату қасд буд одамӣ аз он даст тавонад дошт ба ҳамаи вақтҳо . Чун чунин мағлуб шуда бошад мохўз набӯд .

Аммо он ки суфиёни ҷома хирқа кунанд ба ихтиёру пораҳо қисмат кунанд гуруҳе эътироз кардаанд ки ин нишоед ва хато кардаанд ки карбос низ нишоед ки пора кунанд то пероҳан дузанд , валикин чун зойеъ накунанд ва барои мақсӯдӣ пора кунанд раво бошад . Ҳамчунин чун пораҳо чаҳорсу кунанд барои он ғараз то ҳамаро насиб буд ва бар саҷҷода ва мураққаъ дузанд , раво бошад ки агар касе ҷомаи карбосиро ба сад роҳ пора кунад ва ба сад дарвеш диҳад , мубоҳ буд чун ҳар порае чунон бошад ки ба кор ояд .