Бидон ки аз ин ду офат тавлид кунад , яке он ки бар тарки баъзе аз шаҳавот қодир набошад ва нахоҳад ки бидонанд , андар хилват бихӯрад ва бармало нахурд . Ва ин айн нифоқ бошад ва буд ки шайтони вайро ғурур диҳад ки ин маслиҳат мардумон бошад то ба ту иқтидо кунанд ва ин ғурур маҳзаст . Ва кас бошад ки шаҳвати бихарад ва ба хонаи барад то бибинанд , онгоҳи пинҳон ба садақа диҳад ва ин ниҳоят садақаасту кор садиқонасту азими душвор буд ин бар нафас . Ва шарти ихлос онаст ки ин осон душвор шавад . Агар душвор буд ҳануз андари дили риёии хФӣ мондааст , тоъати худ ҳаме дорад на тоъати ҳақ . Ва ҳарки аз шаҳват таом бигурезаду андари шаҳват ва риё уфтад чунон бошад ки аз ёрон ҳазар кунад ва дар зер новдон нишинад , пас бояд ки чун андари нафаси ваии ин тақозо падед ояд , андари пеши мардумон аз он андак бихӯрад ва ҳама нахурд то ҳам риё шикаста шавад ва ҳам шаҳват .