Бидон ки агар бисёре муҷоҳидат бикунӣ ғолиби он буд ки миён касе ки туро рнҷонидаҳ бошад ва касе ки дӯст бошад фарқи ёбӣ , дар дилу неъмату меҳнати ҳардуи наздики ту баробар набошад , балки неъмату роҳати душманро кора бошӣ ба табъ . Ва ту мукаллаф на Эй бидон ки табъро бигардоне ки ин андари қудрат ту нест , аммо ба ду чизи мукаллафии яке он ки ба қавлу феъли ин изҳор накунӣу дигари он ки ба ақли ин сифатро кора бошӣу хоҳон он бошӣ ки ин сифати мазмум аз ту бишавад . Чун ин бкрдӣ , аз ваболи ҳасади брстӣ ва агар ба қабулу феъл изҳор накунӣу андари ботини ту кроҳитӣ набошад , ин сифатро ки дар худ май ёбӣ , гуруҳе гуфтаанд ки бидон мохўз набошӣ . Дуруст онаст ки мохўз бошӣ ки ҳасад ҳаромаст ва ин амал диласт на амали тану ҳаркии ранҷ мусулмонӣ хоҳад ва ба шодӣ ӯ андӯҳгин бошад лобуд бояд мохўз буд , магар ки ин сифатро кора бошад , онгоҳ аз ваболи ин халос ёбад .
Аммо аз ҳасади бакулӣ касе халос ёбад ки тавҳид бар вай ғолиб бошаду вайро дӯст ва душман набӯду ҳамаро ба чашми бандагии ҳақи субҳона ва таъолӣ бинад ва ин ҳолатӣ нодир бошад чун барқ ки даройаду бишавад ва дар ғолиби он буд ки сабот накунад .