Бидон ки чунон ки маънии тавонгарӣ он бошад ки аъёни моли малик вай бошаду андари тасарруфу қудрати вай буд , маънии эҳтишому худовандии ҷоҳи он буд ки дилҳои мардумони малики вай буд , яъне мусаххар вай бошаду тасарруфи ваии андари он равон буд . Ва чун дили мусаххар касе бошад тану моли табаъ он бошаду дили мусаххар касе нашавад то андари ваии эътиқодӣ некӯ накунанд , бидон ки азимати ваии андари дил фурӯд ояд ба сабаби камолӣ ки андари вай буд ё ба илм ё ба ибодат ё ба халқи некӯ ё ба қӯт ё ба чизе ки мардумони онро бузург донанд . Чун ин эътиқод кунанд , дил мусаххар шавад ва ба тўъи рағбати тоъат вай дораду забонро бар мадҳ ва сано дораду танро бар хизмат дораду вайро барон дорад ки мол фидо кунад то ҳамчунон ки бандаи мусаххар молик бошад ваии мурӣду дӯсту мусаххари ному ҷоҳ буд , балки мусаххарии банда ба қаҳр бошаду мусаххарии вай ба тўъу табъ .

Маънии моли малик аъёнасту маънии ҷоҳи малики дилҳои мардумонасту ҷоҳ маҳбӯбтараст аз мол ба наздики бештари халқ барои се сабаб : яке он ки моли маҳбӯб аз онаст ки ҳамаи ҳоҷатҳо ҳосил ба вай тавон кард . Ва ҷоҳ ҳамчунинаст , балки чун ҷоҳ ба даст оварад , мол низ ба вай ба даст овардани осон буд , аммо агар хасис хоҳад ки ба моли ҷоҳ ба даст оварад ин душвор буд . Дувуми он ки моли андари хатар буд ки ҳалок шавад бо дузди бабрад ва ба кор шавад ва бирасаду ҷоҳ аз ин эмин буд . Сеюм он ки мол зиёдат нашавад бе ранҷи тиҷорату ҳросту ҷоҳи сироят ҳаме кунаду зиёдат ҳаме шавад ки ҳаркии дили ваии сайд ту шуд ваии андари ҷаҳон ҳаме гардаду санои ту ҳаме гуяд то дигарон низ сайди ту ҳаме шаванд нодида . Ва ҳарчанд маърӯфтар ҳаме шавад ҷоҳи зиёдат ҳаме гардаду табаъ беш ҳаме шавад .

Пас ҷоҳу моли ҳарду матлӯбаст барои он ки всилтаст ба ҷумлаи ҳоҷатҳо , валикин дар табъи одамӣ андараст ки ному ҷоҳ дӯст дорад ба шаҳрҳои давр ки донад ки ҳаргиз онҷо нахоҳад расед ва дӯст дорад ки олами малик вай бошад , агарчӣ донад ки бидон муҳтоҷ нахоҳад буд ва инро сиррӣ азимаст . Всбб онаст ки одамӣ аз гавҳар Фариштагонаст ва аз ҷумлаи корҳои илоҳятаст , чунон ки гуфт , « қул алрўҳи ман амри рабӣ » пас ба сабаби зёдтии муносибат ки бо ҳазрат рубубият дорад , рубубият ҷустани табъ вайасту андари ботин ҳар касе боист он ки фиръавн гуфт , « анои рбкми алоълӣ » андараст . Пас ҳар касе рубубият ба табъ дӯст дораду маънии рубубият онаст ки ҳама вай бошад ва бо ваии худ ҳеҷ дигар набӯд ки чун дайгарӣ падед ояд нуқсон буду камоли офтоб онаст ки якеасту нури ҳама аз вайаст . Агар бо ваии дайгарӣ будӣ ноқис будӣ .

Ва ин камол ки ҳама вай бошад хосият илоҳятаст ки ҳаст , ба ҳақиқат ӯсту бас ,у андари вуҷӯд бо ваии ҷузи ваии ҳеҷ чиз дигар нест ва ҳарчӣ ҳаст нури қудрат вайаст , пас табаъ вай бошад на бо вай бошад , чунон ки нури офтоби табаъ офтобасту вуҷӯд дигар набӯд андари муқобилаи офтоб бо вай ба ҳам то чун вай падед ояд нақсоне бошад .

Ва андари табъ одамӣ ҳаст ки хоҳад ки ҳама вай бошад , чун аз ин оҷизаст борӣ хоҳад ки он вай бошад яъне ки мусаххари вай буду андари тасарруфу иродати вай буд , валикин аз ин оҷизаст , чаҳ мавҷӯдоти ду қисманд : як қисм онаст ки тасарруфи одамӣ ба вай нарасад чун осмонҳоу ситорагону ҷавоҳири млоикаҳу шаётину ончӣ дар таҳти замину қаъри дарёу зери кўҳҳост , пас хоҳад ки ба илм бар ҳамаи муставле буд то ҳамаи андари таҳти тасарруфи илм вай ояд , агар дар тасарруфи қудрат вай наёяд ,у бад-ӣни сабаб буд ки хоҳад ки малакӯти замину осмону аҷоиби баҳр ва бар ҷумлаи маълум вай бошад , чунон ки касе оҷиз бошад аз ниҳодани шатранҷ валикин хоҳад борӣ ки бидонад ки чигуна ниҳодаанд ки ин низ навъе аз истило бошад .

Аммо қисми дувум ки одамиро андари он тасарруф тавонад буд , рӯй заминасту ончӣ бар ваии сет аз наботу ҳайвону ҷамоду одамӣ . Хоҳад ки ҳамаи малик вай бошад то вайро камоли қудрату истило буд бар ҳама ва аз ҷумлаи ончӣ бар заминаст нафистарин дил одамиёнаст , хоҳад ки он низ мусаххар вай бошаду ҷои тасарруфи вай буд то ҳамеша ба зикри вай машғӯл буданду маънии ҷоҳи ин буд .

Пас одамӣ ба табъи рубубият дӯст дорад ки насаби он бовай ҳаме кашад ва аз он ҳазрат ҳаме ояду маънии рубубияти он буд ки камоли ҳамаи вайро бошаду камоли андари истило буду истилои ҳама бо илм ва қудрат ояд ки ба молу ҷоҳ буд , пас сабаби дӯстии вай инаст .