Бидон ки ҷоҳ чун моласт ва чунон ки моли ҳама мазмум нест , балки қадари кифоят аз он зод охиратаст ва бисёре аз он чун дил мустағриқ шавад қотеъи роҳ охиратаст , ҷоҳ низ ҳамчунинаст ки одамиро чора нест аз касе ки хизмат кунад ва аз рафиқӣ ки муовинат кунад ва аз султонӣ ки шари золимон аз вай боздорад , лобуди вайро бояд ки андари дили ин қавм қадре бошад , талаби ҷоҳи андари дили ин қавм бидон миқдор ки ин мақсӯд ҳосил ояд раво бошад . Чунон ки Юсуф ( ъ ) гуфт ки ании Ҳафизи алӣам , ҳамчунин то вайро қадре набошад андари дили устоди вайро таълим накунад ва то андари дил шогирд набӯд аз вай таълим накунад , пас талаби қадари кифоят аз ҷоҳ мубоҳаст чун талаби қадари кифоят аз мол .
Валикини ҷоҳ ба чаҳор тариқи талаб тавон кард . Ду ҳаромаст ва ду мубоҳ , аммо он ду ки ҳаромаст яке буд ки ба изҳори ибодати талаб ҷоҳ кунад ва ин ҳаром буд ва риё бошад ки ибодат бояд ки холиси худоиро буд , чун ҷоҳ бидон талаб кунад ҳаром буд . Дувуми он ки талбис кунаду хештан ба сифатии Фронмоид ки набӯд . Маслан гуяд ки ман алавӣам ё аз фалон пеша донам ва надонад ва ин ҳамчунон бошад ки молӣ ба талбис талаб кунад ва аммо он ду ки мубоҳаст он буд ки ба чизе талаб кунад ки андари он талбис набошад ва ибодатӣ набӯд ва дигар бидон ки айби хеши бипушад ки агар фосиқ буду маъсияти хеш пӯшида дорад то вайро ба наздики султони ҷоҳӣ буд , на барои он ки то пиндорад ки порсост , он низ рухсатаст .