Бидон ки мардумони андари шунидани мадҳу зми хеш бар чаҳор дараҷаанд :
Дараҷаи аввали умум халқанд ки ба мадҳ шод шаванд ва шукр гӯйанд ва ба мазаммат хашм гиранд ва ба мукофот машғӯл шаванд ва ин бадтарӣн дараҷотаст .
Дараҷаи дувуми он порсоён буд ки ба мадҳ шод шаванд ва ба зм хашмгин шаванд валикин ба мъомлт изҳор накунанду ҳардуи роҳ ба зоҳир баробар доранд валикин ба дили якеро дӯст доранд ва якеро душман .
Дараҷаи сими дараҷа муттақеонаст ки ҳарду баробар доранд ҳам ба дил ва ҳам ба забон ва аз мазаммати ҳеҷ хашми андар дил нагиранду модҳро қабул накунанд зиёдат ки дили эшон на ба мадҳ илтифот кунад ва на ба зм ва ин дараҷае бузургаст . Гуруҳе обидон пиндоранд ки бад-ӣн расидаанд ва хато кунанду нишони он буд ки агар зми гӯйии наздики вай бештар нишинад бар дили ваии гаронтар аз модҳ набошад ва агар дар корӣ аз вай муовинат хоҳад бар ваии душвор тар набӯд аз муовинати модҳ ва агар ба зиёрат камтар расад талабу тақозои дили вайро камтар аз тақозоӣ модҳ набӯд ва агар бимиради андӯҳ ба марги ваии камтар аз дигар набӯд ки бимирад ва агар касе вайро биринҷанд ҳамчунон ранҷур шавад ки модҳро ва агар модҳ злтӣ кунад бар дили вай бояд ки сабктар нашавад ва ин сахти душвор буд ва буд ки обиди худро ғурур диҳад ва гуяд ки хашми ман бо вай аз онаст ки ваии бад-ӣни мазаммат ки кард осӣаст ва ин талбис шайтонаст ки андари ҳол бисёр касаст ки кбоир ҳаме кунад ва дигаронро низ мазаммат ҳаме кунад , чаро он кроҳит набояд ва дар хештан ки дар ҳақи дигарон ? ки он хашм нафасаст на хашми дайну обид ки ҷоҳил буд ба чунин дақоиқи бештари ранҷи вай зойеъ бошад .
Дараҷаи чаҳоруми дараҷа садиқонаст ки модҳро душман гиранду нкўҳндаҳро дӯст доранд ки аз ваии се фоида гирифтанд . Яке айби худро аз вай бишуниданд , дигари он ки ваии ҳасаноти худ ба ҳадя ба эшон фиристод ва эшонро ҳарис кард бар он ки талаб покӣ кунанд аз он айб ва аз ончӣ монанди онаст . Ва андар хабараст ки расӯл ( с ) гуфт , « вой бар рӯзаи дор ва бар он ки намоз шаб кунад ва бар он суфи пӯшад , магари он ки даруни вай аз дунё гусаста бошаду мадҳро душман дораду мазамматро дӯст дорад » . Ва ин ҳадис агар дурустаст корӣ саъбаст ки бо чунин дараҷа расӣдани сахт мутааззираст балки ба дараҷаи дувум расӣдан ки ба зоҳир фарқ накунад агарчӣ ба дил фарқ кунад ҳам душвораст ки ғолиби он буд ки корӣ биафтад ва ба ҷониби мурӣду модҳ майл кунад ва ба мъомлт низ ва нарасад бад-ӣни дараҷаи бозпасин ало касе ки ваии чандон адовати варзида буд бо нафаси хеш ки молидаа шуда бошад . Чун аз касе айби ваии шунӯд шод шаваду зиракӣу ақли он кас эътиқод кунад чунон ки аз касе айби душман хеш башнавад ки бидон шод гардад ва ин нодир буд , балки агар касе ҳамаи умри хеш ҷаҳд кунад то модҳу зм ба наздики вай баробар шаванд ҳануз бад-ӣни душвор тавон расед . Ва бидон ки ваҷҳи хатари андари ин онаст ки чун фарқ падед ояд миёни мадҳу мазаммат , талаби мадҳ бар дил ғолиб гардаду ҳиялати он сохтан кунад ва бошад ки ба ибодат рёкрдн гирад ва агар ба маъсият бидон тавонад расед бикунад ва ин ки гуфт расӯл ( с ) ки вой бар рӯзаи дор ва намоз кун , аз ин гуфта бошад ки чун бехи ин аз дил канда нашавад зуд ба маъсият уфтад . Аммо кора бӯдани мазаммату дӯсти доштани мадҳро андари нафаси хеш ҳаром нест чун ба фасодӣ адо накунаду сахти баъӣд буд ки адо накунад ки бештари маосии халқ аз ҳуби мадҳу буғз змаст . Ҳамеша андешаи халқ ба ин омадааст ки ҳарчӣ кунанд ба рӯу риёӣ халқ кунанд ва чун ин ғолиб шуд ба корҳо адо кунад ки он ношоист буд вагарнаи дили халқи нигоҳи доштан ва бидон илтифот кардан ки на бар сиблат риё бошад ҳаром нест .