Бидон ки ҳарки бидон шод бошад ки мардумонро бар ибодати вай итилоъ уфтад аз риё холӣ нест , магари шодӣ ки ба ҳақ буд ва он аз чаҳор ваҷҳаст :
Ваҷҳи аввали он ки шод аз он шавад ки вай қасд кард ва пинҳон дошт , ҳақи таъолӣ бе қасди вай изҳор карду маъсияту тақсир ки карда бошад ҳақи таъолӣ изҳор накарда бидонад ки бо вай лутф мераваду фазл ки ҳарчӣ зиштаст пӯшида ҳаме дорад ва ҳарчӣ некӯаст изҳор ҳаме кунад . Шод ба фазлу лутфи ҳақ таъолӣ бошад на ба саноу қабули мардумон , чунон ки гуфт , « қул бФзли аллоҳу брҳмаҳи Фбзлки ФлиФри ҳавво » .
Ваҷҳи дувуми он ки шод шавад ва гуяд зиштӣҳо бар ман пӯшида кард дар дунё , далел онаст ки андари охират низ бапушанд ки ҳақи таъолии Каримтар аз онаст ки гуноҳӣ бар банда бапушанд дар ин ҷаҳони онгоҳ дар он ҷаҳон расво гирданд .
Ваҷҳи сими он ки шод шавад аз он ки донад чун бидиданд ба вай иқтидо кунанд ва эшон низ ба саодат абад расанд то ӯро ҳам савоб сар банависанд ки қасди пинҳон доштан кард ва ҳам савоби ълонит ки бихўости вай зоҳир шуд .
Ваҷҳи чаҳоруми он ки шод буд бидон ки он кас ки бидид бар вай сано гуяду андари ваии эътиқод некӯ кунаду ваии бад-ӣни саноу эътиқоди мутӣъи ҳақ таъолӣ бошад ва ба тоъати ҳақи таъолии шод буд на ба ҷоҳи хеши наздики вайу нишони ин он буд ки агар бар тоъати дайгарӣ итилоъ уфтад ҳамчунин шод шавад .