Ҳамоно гӯйӣ ки маърифат дар дил буду дидор дар чашм . Ин чигуна буд ? бидон ки дидорро дидор аз он гуфтаанд ки ба камол расӣдани хаёл буд . На бидон ки дар чашм буд ки агар дидор дар пешонии оФридндии ҳам дидор будӣ . Пас дар ҷои вай овихтани фузул буд , балки чун лафзи дидор омадаасту зоҳири он чашмаст бояд ки эътиқод кунӣ ки дар охирати чашмро андари он насиб буду бадоне ки чашми охират на чун чашми дунё буд ки ин чашми ҷуз ба ҷиҳат набинад ва он чашм беҷиҳат бинад .

Ва беш аз ин раво нест омиро ки аз ин гуяд ва баҳс кунад . Ки ин бар қадари қӯт вай нест . Ки дар дурудгарии кор бузина нест . Ва ҳар донишманд ки ранҷ дар фиқҳу ҳадису тафсир бардааст дар ин маънии ҳам омӣаст ва ин на кор вайаст , балки он ки ранҷ дар калом бардааст ҳам дар ҳақиқати ин омӣаст , чаҳ мутакаллими шаҳнау бадарға омӣаст , то онҷо ки омӣ эътиқод кардааст вай ба ҳадис бар вай нигоҳ дораду шари мбтдъ аз вай дафъ мекунаду роҳи он дар ҷадали бидонад , аммо маърифати худ гӯйӣ дигарасту аҳли он гуруҳе дигаранд ва чунин сухан на дар хури ин китобаст . Он аўлитр ки бад-ӣн ақтсор кунем .