Бидон ки чун муҳаббати бузургтарин мақомотаст алоҷи вай шинохтан муҳимаст . Ва ҳарки хоҳад ки бар некуӣ ошиқ шавад тадбир ӯ он буд ки рӯй аз ҳарчӣ ҷуз вай аст бигардонад , пас бар давом дар вай назора мекунад . Чун рӯй вай мебинаду дасту пойу мӯии ваии пӯшида буд ва он низ некӯ буд ҷаҳд он кунад то он низ бибинад то ҳар ҷамол ки мебинад майлӣ зиёдат меуфтад . Чун бад-ӣн мувозибат кунад дар ваии майлӣ падед ояд андак ё бисёр . Пас муҳаббати худои таъолӣ низ ҳам чунинаст :
Шарти аввал онаст ки варӣ аз дунё бигардонаду дил аз дӯстии он пок кунад ки дӯстии ҷузи ҳақ аз дӯстии ваии монеъ буд ва ин чун пок кардани замин буд аз хору гиёҳ . Онгоҳи талаби маърифат вай кунад ки ҳаркии вайро дӯст надорад аз он буд ки вайро нашносад . Агарчӣ камолу ҷамол ба табъ маҳбӯбаст то касе ки садиқу Фоўрқро бишносад натавонад ки эшонро дӯст надорад ки мҳомду маноқиби эшон ба табъ маҳбӯбасту маърифати ҳосил кардан чун тухм дар замин ниҳоданаст . Онгоҳ бар давом ба зикру фикр дар ваии машғӯл буд ва ин чун об додан бошад ки ҳаркии ёд касе бисёр кунад лобуди вайро бо ваии инсӣ пайдо ояд .
Ва бидон ки ҳеҷ муъмин аз асли муҳаббат холӣ нест , влкни тафовут аз ин се сабабаст : яке он ки дар дӯстӣу машғӯлӣ дунё мутафовитанду дӯстӣ ҳарчӣ буд дар дӯстии дайгарӣ нуқсон оварад . Ва дигари он ки дар маърифат мутафовитанд ки омии шофииро дӯст дорад бидон ки бар ҷумла додан ки ваии олимӣ бузургаст , влкни фақиҳ ки аз тафсили улӯми ваии баъзе хабар дорад вайро дӯст тар дорад ки вайро беҳтари шиносад . Ва дигари он ки дар зикру ибодат ки инс бидон ҳосил ояд мутафовит бошанд , пас тафовути муҳаббат аз ин се сабаби хезад , аммо он ки дӯст надорад Аслан онаст ки вайро надонад Аслан . Ки чунон ки некуии сӯрати зоҳир ба табъ маҳбӯбаст , некуии сӯрати ботин ҳамчунинаст . Пас муҳаббати самарат маърифатаст .
Ва камоли маърифати ҳосил кардан ба ду тариқ буд : яке ба тариқи суфиён ва он муҷоҳида бошаду ботини софии доштан ба зикри давом то худро ва ҳарчӣ ҷуз ҳақаст фаромӯш кунад , онгоҳ дар ботини ваии корҳо падед омадан гирад ки бидон азимати ҳақи таъолӣ равшан шавад ва чун мшоҳдтӣ гардад ва мисли вай чун фурӯ кардан дом бошад ки то буд ки сайдии дроФтд ва буд ки дрниФтд . Бошад ки мӯшӣ дар уфтад ва бошад ки бозӣу тафовут дар ин азимасту барҳасби давлату рӯзӣ буд .
Ва тариқи дигари омухтани илм маърифатаст , на илми калом ва илмҳои дигару аввали ин тафаккур буд аҷоиби сунъи чунон ки дар китоби тафаккур ишорат кардем . Баъд аз он тараққӣ кунаду тафаккур дар ҷамолу ҷалоли зоти вай то ҳақоиқи асмоу сифоти вайро макшуф гардад . Ва ин илмӣ дарозаст влкни зиракро бад-ӣн расӣдан мумкинаст чун устодӣ ориф ёбад , аммо балед бад-ӣн нарасад . Ва ин на чун дом Фрўкрднаст ки бошад ки сайди дроФтд ва бошад ки на уфтад , балки ин чун тиҷорат ва ҳростасту касб , ва чунонаст ки касе гўспндӣ ба дасти оради нару мода ва дар таносули афканд . Изоин лобуди мол зиёдат шавад , магар ба соъиқа ҳалок шавад .
Ва ҳаркии маърифат талаб кунад ҷуз аз тариқи муҳаббат , талаб маҳол мекунаду ҳаркии маърифати ҷуз аз ин ду тариқ талаб кунад наёбаду ҳаркии пиндорад ки бе муҳаббати ҳақи таъолӣ ба саодат охират расад ғалати пиндорад ки охират беш аз он нест ки ба худои рстӣу ҳарки ба чизе расад , агар онро аз пеш дӯст дошта бошад влкн ба сабаби ъўоиқ аз он маҳҷӯб буду рӯзгор дар шавқ он гузошта бошад , чун бидон расад ва ъўоиқ бархезад дар лиззатӣ азим уфтаду саодати ин буд . Ва агар дӯст надошта бошад ҳеҷ лиззати наёбад ва агар андак дӯст дошта бошад андак лиззатӣ ёбад . Пас саодат бар қадари ишқ ва муҳаббат бошад ва агар волъёзболлаҳи даруни хеши чунон бкрдаҳ бошад ки ба чизе ки онаст зиди ошно шудау алифу муносибати гирифта , ончӣ дар охират пайдо ояд зид вай бошад ва он ҳалоки вай буд ва дар ранҷ ва ?илам уфтаду ончӣ дигарон бидон Саид шаванд вай ба айни он шқӣ шавад ва мисли вай чун он кносӣ буд ки ба бозори атторон фурӯ шуд аз ону баҳоии хеши биФтод ва аз ҳуш бишуд . Омаданду гулобу машк бар вай рехтанду вай бтар мешуд то яке ки вақте кносӣ карда буд онҷо расед . Бидонаст бории наҷосати одамӣ дар бинии ваии бимолид , бо ҳуш омад ва гуфт инаст хуши бӯе ! пас ҳарки бо лиззати дунё инс гирифт то он маъшӯқи ваии гашти ҳам чунон он кносаст . Ва чунон ки дар бозори атторон аз он наёбад балки ҳарчӣ онҷо буд зиди табъи вай буду ранҷи вай аз он зиёдат шавад ва он наҷосат ки бо он алифи гирифта буд онҷои наёбад . Ва дар охират низ аз он шаҳавоти дунёи ҳеҷ наёбаду ончӣ онҷо бошад ҳамаи зид табъ бошад , пас ҳамаи сабаби ранҷу шақовати вай буд .
Пас охирати олам арвоҳасту олами ҷамоли ҳазрат илоҳятаст ки онҷо пайдо шавад . Ва Саид касеаст ки ӣнҷои табъи худро бо он муносибат дода бошад то он мувофиқи вай буд ,у ҳамаи риёзатҳо ва ибодатҳо ва маърифатҳо барои ин муносибатаст , « қади аФлҳи ман зкиҳо » ин буд . Ва ҳамаи маъсиятҳо ва шаҳватҳо ва дӯстӣҳои дунёи зиди ин муносибатаст , «у қади хоби ман дсҳо » ин буд .
Ва аҳли басират дар мушоҳидаи ин маъонӣ аз ҳади тақлид даргузаштаанд , ва ин аз сидқ пайғомбар бишнохтаанд , балки сидқ бемуъҷиза ба зарурати бад-ӣн шинохтаанд , чунон ки касе ки тиб донад чун сухан табиб башнавад ба зарурати бидонад ки табибаст ва чун сухани ҳакимӣ бозорншин башнавад бидонад ки ҷоҳиласт , пас набиро аз мтнбии дурӯғи зан ба зарурати бад-ӣн тариқ бишносад . Ва онгоҳи ончӣ ба басират худ битавонад донист бештар онаст ки аз набии шиносад ва ин илм зарурӣаст на чунон илм ки аз он ҳосил ояд ки ъсосъбон шавад ки он илм дар хатари он буд ки бидон ки гӯсола бонг кунад ботил шавад ки ҷудо кардани муъҷиза аз саҳари бад-ӣн осонӣ набӯд .