Бидон ки гуруҳе гуфтаанд ки ризо ба балоу ончӣ ба хилоф ҳаво бошад мумкин нест балки ғояти он сабраст ва ин хатост , балки чун дӯстӣ ғолиб шуд ризо ба хилофи ҳаво мумкинаст аз ду ваҷҳ : яке он ки чунон мустағриқ ва мадҳуш шавад ба ишқ ки аз худ огоҳии наёбад , чунон ки касе дар ҷанги чунон ба хашм машғӯл шавад ки аз ҷароҳати дарди наёбад ва бошад ки ҷароҳат расад ва хабар надорад то чун ба чашм набинад ва касе дар хидматӣ мераваду хор дар пой вай мешавад огоҳии наёбад , ва чун длмшғўл шавад огоҳии гуруснагӣу тишнагии бишавад . Ва чун ин ҳама дар ишқи махлуқу ҳирси дунё мумкинаст , чаро дар ишқи ҳақи таъолӣу дӯстии охират мумкин нест ? ва маълумаст ки ҷамоли сӯрати маъонӣ дар ботини азим тараст аз ҷамоли сӯратҳои зоҳир ки ба ҳақиқат пӯстӣаст бар мзблаҳ Эй кашидау чашми басират ки бидон ҷамол ботин дарёбанд равшан тараст аз чашми зоҳир ки ғалат бисёр кунад то бузургро хирад бинаду даврро наздик . Ваҷҳи дигари он ки ?илами дёбди влкн чун донад ки ризои дӯсти вай дар он аст бидон розӣ бошад чунон ки агар дӯсти вайро фармоед ки ҳиҷомат кун ё доварии талхи хур , бидон розӣ шавад дар шараи он ки ризои дӯст ҳосил кунад . Пас ҳар ки донад ки ризои ҳақи таъолӣ дар онаст ки ба ончӣ бо вай кунад ризо диҳад ва ба дарвешӣу беморӣу бало сабр кунад , розӣ шавад , чунон ки ҳариси дунё бар ранҷи сафару хатари дарё ва корҳои дшхўори розӣ буд .
Ва муҳибон бисёр бад-ӣни дараҷа расидаанд . Зани фатҳи Мӯсилиро нохун бишикаст ки биФтод бихандед . Гуфтанд , « дард наёфтӣ ? » гуфт , « шодии савоби ин огоҳии дарди бабрад » . Саҳли тстрӣ иллатӣ дошт , дору накардӣ . Гуфтанд , « чаро дору накунӣ ? » гуфт , « эй дӯст ндонӣ ки захми дӯст дард накунад ? » ҷунайд гуфт сиррии сиқтиро гуфтам ки муҳиб ?илам ёбад ? гуфт , « на » , гуфтам , « ва агар ба шамшер бизананд ? » гуфт , « на ва агар ҳафтод зарбат аз шамшер бизананд » .
Ва яке мегуяд , « ҳар чаҳ вай дӯст дорад ман дӯст дорам ва агар хоҳад ки дар дӯзах шавам бидон розӣ бошам ва дӯст дорам » . Башар мегуяд , « якеро дар Бағдоди ҳазор чӯби бзднд ки сухан нагуфт . Гуфтам , « чаро бонг накардӣ ? » гуфт , « маъшӯқи ҳозир буд менигаред » . Гуфтам : агар маъшӯқи маинро бидидӣ чаҳ кардӣ ? як наъраи бузад ва ҷон бидод . » башар мегуяд , « дар бдоити иродат ба ибодон мешудам . Мардиро дидам мҷзўму девона бар замини афтодау мӯрчагони гӯшт вай мехӯрданд . Сари вай бар канор гирифтам ва бар вай раҳмат кардам . Чун бо ҳуш омад гуфт : ин кадом фузулӣаст ки хештан дар миёни ману худованд ман афганд ? »
Ва дар қуръон маълумаст ки он занон ки дар Юсуф май нгриднд аз азимату ҷалоли вай даст бибареданд ва хабар надоштанд . Ва дар Мисри қаҳт буд . Чун гурусна шудандӣ , ба дидори Юсуфи рафтандӣ , гуруснагӣ фаромӯш кардандӣ . Ин асари ҷамол махлуқаст . Агар ҷамоли холиқ касеро макшуф шавад чаҳ аҷаб агар аз бало бехабар шавад ? мардӣ буд дар бодия ки ҳар чаҳ худои таъолӣ ҳукм кардӣ гуфтӣ хайр дар онаст . Сегӣ дошт ки посбони раҳли вай буду харӣ ки бор вай наҳодӣу хурӯсӣ ки эшонро бедор кардӣ . Гиреҳгӣ биёмаду шикам хар бадаред . Гуфт , « хайраст »у саги хурӯсро бикушт . Гуфт , « хайраст »у саг низ ӣа сабабии дигар ҳалок шуд . Гуфт , « хайраст » . Аҳли вай андӯҳгин шуданд ва гуфтанд , « ҳар чаҳ мебошад , ту гӯйӣ хайраст . Ин чаҳ хайр бошад ки дасту пои мо ин буд ки ҳалок шуд ? » гуфт , « бошад ки хайрат дар ин бошад » . Пас дигари рӯзи бархестанд ҳар ки гирди эшон дар буд ҳамаро дуздон кушта буданду колои барда ба сабаби овози хару хурӯсу саг ва эшонро бознёФтаҳ буданд . Гуфт , « дидӣ ки хайрати худои таъолӣ кас надонад ? »
Ва исо ( ъ ) ба мардӣ бигузашт нобӣноу мҷзўм ва ҳар ду ҷониби ваии мафлуҷу дасту пой на , ва мегуфт шукри он худоӣ ки маро офият додааст аз он бало ки халқ бисёр дар он мбтлоинд . Исо гуфт , « чаҳ мондааст ки туро аз он офият додааст ? » гуфт , « ба офияти терм аз касе ки дар дили ваии он маърифат наёфарид ки дар дили ман » . Пас даст ба вай фурӯд оварад то дурусту некӯӣ рӯй шуд ва бо исо ба ҳам суҳбат кард муддатӣ ва ибодат мекард бо вай . Ва шблиро дар бемористон боз дошта буданд ки девонааст . Қавмӣ дар наздик вай шуданд . Гуфт , « шумо кистед ? » гуфтанд , « дӯстдорони ту » . Санг дар эшон андохтан гирифт . Бигурехтанд . Гуфт , « дурӯғ гуфтед . Агар дӯст будед бар балои ман сабр мекардед » .