Ва рӯзаи як нима сабр чарост ?
Бидон ки имони як чиз нест , балки шохаҳои бисёр дораду ақсом бисёр , чунон ки андар хабараст ки имони ҳафтод ва анд боист : бузургтарин калимаи лоолаҳи алооллаҳу камтарини хошок аз роҳ баргирафтан . Ва ҳарчанд ки ин ақсом бисёраст , лекини усӯли ваии се ҷинсаст : маорифаст ва аҳволаст ва аъмоласт . Ва ҳеҷ мақом аз мақомоти дайн аз ин ҳараса холӣ набӯд . Маслан ҳақиқати тавба пушаймонӣаст ва ин ҳолат диласту асли вай маърифатаст ки гуноҳи заҳр қотиласт . Ва фаръи вай онаст ки даст аз гуноҳ бидорад ва ба тоъат машғӯл шавад , пас аз ин ҳолат ва он маърифат ва он амал ҳар се аз ҷумла имонаст . Ва имони иборат буд аз ин ҳар се , валикин бошад ба маърифат тахсӣс кунанд , чаҳ асл вайаст ки аз маърифати ҳолат падед ояд ва аз ҳолати амал падед ояд .
Пас маориф чун дарахтаст . Тағйири дил ба сабаби маърифат чун шох дарахтаст ва кирдорҳо ки аз он аҳвол падед ояд чун самарааст . Пас ҷумлаи имони ду чизаст : дидору кирдор . Кирдор бесабр мумкин нест пас сабри як нима имонасту сабр аз ду ҷинс бояд яке аз ҷинси шаҳват ва яке аз ҷинси хашм ,у рӯза сабраст аз ҷинси шаҳват , пас ваии як нима сабраст ва аз ваҷҳеи дигар , чун назари ҳама ба кирдор буду имони иборат аз вай кунӣ , кирдори муъмини андари меҳнат сабрасту андари неъмати шукр , аз ин ваҷҳи сабри як нимаи як имон буду шукри як нимаи имони чунон ки андари хабарии дигар омадааст ва чун назар бидон кунӣ ки мушкилтар ва душвортараст , вайро аслгирӣ , ҳеҷ асли душвортар аз сабр нест , бад-ӣни ваҷҳи сабри ҷумла имонаст , чунон ки пурседанд ки имон чист ? гуфт : сабр , яъне ки душвортарин ӯст , чунон ки гуфт ҳаҷ арафааст , яъне ки хатар ба сабаб вайаст ки ба фӯти он фӯт шавад ва ба дигари арқон фӯт нашавад .