Бидон ки ҳарчӣ худои таъолӣ офарӣдааст дар ҳақи одамии чаҳор қисмаст : яке онаст ки ҳам андари ин ҷаҳон сӯдмандаст ва ҳам дар он ҷаҳон , чун илму халқи некӯ , ва дар ин ҷаҳони неъмат ба ҳақиқат инаст . Дувуми он ки дар ҳар ду ҷаҳон зиёнкораст чун нодонӣу хуии баду бало ба ҳақиқат инаст . Сим онаст ки дар ин ҷаҳон бо роҳатаст ва дар он ҷаҳон бо ранҷ , чун бисёре неъмати дунё ва таматтуъ бидон , ва ин неъматаст наздики аблаҳон ва балост наздики орифон . Ва мисли ин чун гуруснааст ки ангабин ёбад ки заҳр дар вай буд . Агар аблаҳ буд ва надонад ки дар вай заҳраст неъмати шуморад ва агар оқил буд балои шимурд . Чаҳоруми он ки дар ин ҷаҳон бо ранҷ буд ва дар он ҷаҳон бо роҳат , чун риёзату мухолифати шаҳват ва ин неъматаст наздики орифон чун доруии талхи наздики бемори оқил ва ин балост наздики аблаҳон .