Бидон ки ҳарчӣ халқи онро хайр донад аз се ҳол берун набӯд : ё хушаст дар ҳол ё сӯдмандаст дар мстқбл ё некӯаст дар нафаси хеш . Ва ҳар чаҳ онро шар донанд ё нохушаст дар вақт ё зиёнкораст дар мстқбл ё зиштаст дар нафаси хеш . Пас хайри тамомтарин онаст ки ин ҳама дар вай ҷамъаст ки ҳам хушаст ва ҳам некӯ ва ҳам сӯдмандаст ва ин нест магари илму ҳикмат .

Ва шари тамомтарин ҷаҳласт ки ҳам нохушаст ва ҳам зишт ва ҳам рёнкор . Ва бидон ки ҳеҷ чиз аз илм хуштар нест локини наздик касе ки дили вай бемор набӯд . Ва бидон ки ҷаҳл дард кунад дар ҳоли нохуш буд ки ҳар ки чизе надонад ва хоҳад ки донад дарди ҷоҳилии хеш май бояду ҷаҳл зиштаст влкни ин зиштӣ дар вай зоҳир нест аммо дар дарун диласт ки сӯрати дилро кўж гирданд . Ва ин аз зиштии зоҳири зишт тараст .

Ва чиз буд ки нофеъ буд влкни нохуш буд чун баридани ангушт аз бими он ки даст табоҳ шавад . Ва чиз буд ки аз ваҷҳе суд дорад ва аз ваҷҳеи зиён , чун касе ки мол ба дарё андозад ва чун киштӣ ғарқа хоҳад шуд то хештан саломат ёбад .