Бидон ки тақсири халқ дар шукр аз ду сабабаст : яке ҷаҳласт ба бисёре неъмат ки неъматҳои худои таъолиро каси ҳаду андоза ва шумор надонад , чунон ки гуфт , «у ан тъдўо наамма аллоҳи лотҳсўҳо » ва мо дар китоби эҳёи баъзе аз он неъматҳо ки ҳақи таъолӣ рост бигуфтаем то ба қиёс он бидонанд ки мумкин нест ки ҳама неъматҳо тавонад шинохтан ва ин китоби он эҳтимол накунад .
Ва сабаби дигар онаст ки одамӣ ҳар неъмат ки ом бошад ба неъмат нашносаду ҳаргиз шукр накунад ки ин ҳавои латиф ки ба нафас мекашаду рӯҳро ки дар диласт мадад медиҳаду ҳарорати дилро муътадил мегирданд ва агар як нафас мунқатиъ шавад ҳалок гардад , балки ин худ неъматӣ нашносад , ва чунин садҳазораст ки надонад магар ки як соъат дар чоҳӣ шавад ки ҳавои он ғализ буду дам фурӯ гирад ё дар гармобае гарми вайро ҳабс кунанд ки ҳавои он гарм буд . Чун даст бозгирнд бошад ки он соъати қадари ин неъмат бишносад .
Балки худ шукри чашм бино накунад то дард чашм биёбад ё нобӣно шавад . Ва ҳам чун бандае буд ки то вайро назананд қадар неъмат надонад ва чун назананд бтру ғифлат падед ояд , пас тадбири он буд ки неъматҳои ҳақи таъолӣ бар дили хеш тоза медорад , чунон ки тафсили баъзе дар китоб эҳё гуфтаем ва ин марди комилро нишоед .
Ва аммо тадбири ноқиси он буд ки ҳар рӯз ба бемористон равад ва ба зиндони султон ва ба гӯристон то балоҳо бинаду саломати хеш , бошад ки ба шукр машғӯл шавад : чун ба гӯристон шавад бидонад ки он ҳамаи мурдагон дар орзӯии як рӯз умранд то тақсирҳоро бидон тадоруки кнннд ва намеёбанд . Ва рӯзҳои дарози Фропиши вай ниҳодаанду вай қадар намедонад . Ва аммо он ки дар неъматҳои ом шукр намекунад чун ҳавоу офтобу чашми биноу ҳамаи неъмат мол донаду ончӣ ба ваии махсӯс буд , бояд ки бидонад ки ин ҷаҳласт ки неъмат ки ом буд аз неъмати бншўд , пас агар андеша кунад неъмати хос бар вай бисёраст ки ҳеҷ кас нест ки гумони барад ки чун ақли ваии ҳеҷ ақл нест ва чун халқи ваии ҳеҷ халқ нест ва аз ин буд ки дигаронро аблаҳ ва бдхўӣ гуяд ки хештанро чунон наме пиндорад , пас бояд ки ба шукри ин машғӯл бошад на ба айби мардумон , балки ҳеҷ кас нест ки вайро Фзоиҳу ъибҳост ки он вай донад ва кас надонад ки худои таъолӣ парда бидон нигоҳ доштааст , балки агар он ки бар хотиру андеша гузар кунад мардумон бидонанд ҷой бисёр тшўиру андеша буд . Ва ин дар ҳақи ҳарякии хайрии хос буд , бояд ки шукри он бикунад ва ҳамеша андешаи боз он надорад ки аз он маҳрӯмаст то аз шукр маҳрӯм намонад , бал бояд ки дар он нигарад ки ба вай додаанд беистеҳқоқ .
Яке пеши бузургӣ аз дарвешӣ гила кард . Гуфт , « хоҳӣ ки чашми надорӣ ва дувоздаҳ ҳазор дирами дорӣ ? » гуфт , « на » , гуфт , « ақл ? » гуфт , « на » , гуфт , « гӯш ? » гуфт , « на » , гуфт , « дасту пой ? » гуфт , « на » , гуфт , « вайро наздики ту панҷоҳ ҳазор дирам ивазаст . Чаро гила мекунӣ ? » балки бештари халқро агар гӯйии ҳоли хеш бо ҳоли фалон иваз кунӣ накунад ва ба ҳоли бештарини халқи ризои надиҳад , пас чун ончии вайро додаанд бештари халқро надодаанд ҷой шукр бошад .