Бидон ки хавфро се дарҷатаст : заъифу қавӣу муътадил . Ва Маҳмӯд аз вай муътадиласт . Ва заъифи он буд киро кор надорад чун риққати занону қавии он буд ки аз ваии бими навмидӣу қнўт буду бими беморӣ ва беҳушӣу марг буд ва ин ҳарду мазмумаст ки хавфро дар нафаси хеш камолӣ нест ва ҳамчун тавҳиду маърифат ва муҳаббатаст ва барои инаст ки ин дар сифоти худои таъолӣ раво набӯд ки хавф беҷаҳл ва беаҷз набӯд ки то оқибат маҷҳӯл набӯд ва аз ҳазар кардан аз хатар аҷз набӯд , хавф набӯд .
Локини хавф камолӣаст ба азоФт бо ҳоли ғофилон ки ин ҳамчун тозӣона Эйаст ки кӯдаконро Фротълим дораду сутурро фарои роҳ . Чун чунон заъиф буд ки дардӣ накунад фаро тааллум надорад ва бар роҳ надорад . Ва агар чунон қавӣ буд ки кӯдакроу сутурро ҷое афкор кунад ё бишиканад , ин ҳардуи ноқис буд . Балки бояд ки муътадил бошад то аз маосӣ боздорад ва бар тоъат ҳарис кунад .
Ва ҳаркии оламтар буд хавфи ваии муътадилтар буд ки чун ба ифрот расад аз асбоби раҷои бози андешад ва чун заъиф шавад аз хатари кори бозниндишду ҳарки хоиФ набӯду хештанро олам ном кунад онаст ки ончӣ омӯхта беҳудааст на илм . Ҳамчун фоли гӯии бозор ки хештанро ҳаким ном кунад ва аз ҳикмати ҳеҷ хабар надорад ки аввали ҳамаи маърифатҳо онаст ки худроу худоиро таъолӣ бишносад , худро ба айбу тақсиру худоиро ба ҷалолу азимату боки нодоштан ба ҳалоки олам .
Ва аз ин ду маърифати ҷуз хавф назояд ва барои ин гуфт ( с ) , « аввали алълм . . . Муъаррифаи алҷбору охири алълми тафвизи аламри илайҳ » , гуфт , « аввали илм онаст ки худоиро таъолӣ ба ҷабборӣ ва қаҳҳорӣ бишносӣ ва охирин он ки бандаи вори кор ба вай тафвиз кунӣу бадоне ки ту ҳеҷ чиз нае ва ба ту ҳеҷ нест » ва чигуна мумкин гардад ки касе ин донад ва натарсад ?