Бидон ки аввали тавбаи нур маърифатасту имон ки падедор ояд ва аз он нури бенанд ки гуноҳҳо заҳр қотиласт чун нигоҳ кунад ки вай аз ин заҳр бисёр хӯрдааст ва ба ҳалок наздикаст ба зарурат пушаймон шаваду ҳароси андари даруни вай падедор ояд , чун касе бидонад ки заҳр бисёр хӯрдааст ба зарурат пушаймон шавад ва битарсад ва ба сабаби он ангушт ба гулӯи фурӯи барад то қӣ кунад ва ба сабаби он ҳароси тадбири ону доруӣ он кунад .
Ҳамчунин чун бинад ки он шаҳват ки рондааст ҳамчун ангабин бӯдааст ки андари вай заҳр бошад ки андари ҳоли ширин буд ва дар охир бигарёнад , пушаймонии андари вай падедор ояд андари гузаштау оташи хавфи андари миёни ҷой вай уфтад , хештанро ҳалок бинад ва азин оташи хавфу пушаймонии шараи шаҳвату гуноҳи андари вай сӯхта шавад ва он шаҳват ба ҳасрат бадал шавад ва азм кунад ки гузаштаро тадорук кунаду андари мстқбл низ бо сар он нашавад , либоси ҷафо берун кунаду бисоти вафои бгстронду ҳамаи ҳаракоту саканоти хеш бадал кунад . Пеш аз ин ҳама ба тарабу шодӣу ғифлат буд , акнӯн ҳама гиристану андӯҳ ва ҳасрат бошаду пеш аз ин муҳаббат бо аҳл ғифлат дошт , акнӯн бо аҳли маърифат буд . Пас нафаси тавба пушаймонӣасту асли ваии нури маърифат имонасту фаръи вай ба дил кардан аҳволасту нақл кардани ҷумлаи аҳволҳо ва андомҳо аз маъсияту мухолифат ба мувофиқату итоат .