Бидон ки аз одамии ҳеҷ ҳаракат ба вуҷӯд наёяд то се ҳоҷат дар пеш набошад : илму иродат яъне донишу хосту тавоноӣ . Маслан чун таомӣ бинад нахурд ва чун бидид агар боисту хост ҳам набӯд он ҳам нахурд . Агар хост буд чун дасти мафлуҷ буд ки кор накунад нахурд ки қудрат надорад . Пас ин се ҳоҷат дар пеши ҳама ҳаракот меравад , локини ҳаракати табаъ қудратаст ,у қудрати табаъи хост ва иродатаст ки боист қудратро ба кор дорад , ва боист табаъ илм нест ки бисёр чиз бинад ва нахоҳад , локин беилм хостан низ сӯрат набандад ки чизе ки надонад чун хоҳад ?

Ва ният аз ин ҳарасаи иборат аз хостаст на аз қудрату илм . Ва хост онаст ки вайро барпои ангезад ва дар кор дорад . Гоҳ буд ки яке буду гоҳ буд ки ду ғараз дар як чиз фароҳам ояд , аммо он ки яке буд онро холис гӯйанд . Ва мисли ин он буд ки касе нишаста буд . Ширии қасд вай кунад . Бархезад ва баравад . Ғаразу нияти ваии як чиз беш нест ва он гурехтанаст .

Ва ҳамчунин касе аз дар ояд муҳташам , вайро бар пои хезад ва ҳеҷ ғараз дигар нест алои икроми вай . Ин холис буд . Аммо он ки ғараз ду бошад аз се навъ буд : яке он ки ҳар ғаразии чунон буд ки агар танҳо будӣ Фрокор доштӣ , чунон ки хешовандии дарвеш дарме хоҳад бидиҳад барои хешовандӣу дарвешӣ ва аз дил хеш донад ки агар дарвеш набӯдӣ ҳам бидодӣ ва агар дарвеш будӣ ва хешованд набӯдӣ ҳам бидодӣ . Ин ду ғараз буд дар ният ба ширкат .

Дигари навъи он ки донад ки агар хешованд будӣ на дарвеш ё дарвеш будӣ на хешованди надодӣ , локин чун ин ҳарду фароҳам омад вайро Фрододн дошт , ва мисли аввали чунон буд ки ду тан сангӣ баргиранду ҳарякӣ танҳо худ бар он қодир буд ва мисли ин дигари чунон буд ки ду заъиф биоварӣ бо якдигар сангӣ баргиранд ки ҳарякӣ аз он оҷиз бошанд . Сими навъи он ки як ғарази заъиф буд ва Фркор надорад ва яке қавии чунон ки танҳо ба кор дорад , локин ба сабаби он яке кор осонтар бошад , чунон ки касе ба шаб намоз кунад танҳо , влкн чун қавмӣ ҳозир оянд бар ваии осонтар буд ва ба нишот тар бошад , аммо барои назари эшон намоз накунад . Агар умеди савоби нестӣ . Ва мисли ин чунон буд ки мардии қавии сангӣ бртўонд гирифт , локини заъифӣ бо вай низ ёрӣ диҳад то осон тар шавад . Ин ҳар яке ҳукмӣ дигар дорад чунон ки дар ихлос гуфта ояд . Ва мақсӯд онаст ки бадоне ки маънии нияти ғарази боис ва муҳаррик бошад ва ин гоҳи холис буду гоҳи омехта .