Бидон ки аъмоли се қисмаст : тоъоту маосӣу мубоҳот ва бошад ки аз ин ки расӯл ( с ) гуфт , « алоъмоли болнёт » пиндоранд ки маъсият низ ба нияти хайр аз ҷумла хайрот шавад ва ин хатост . Балки ин қисми ниятро дар вай асар нест , влкни нияти бади вайро хабис тар гирданд . Мисоли йен чунонаст ки касе ғайбат кунад барои шодии дил касе ё масҷиду работ ва мадриса кунад аз моли ҳаром ва гуяд нияти ман хайраст ва ин қадар надонад ки қасди хайр кардан ба шарӣ дайгарӣ бошад . Агар донад худ фосиқаст ва агар пиндорад ки ин хайрӣаст ҳам фосиқаст ки талаби илм фаризаасту бештари ҳалоки халқ аз ҷаҳласт .
Ва аз ин гуфт саҳли тстрӣ ки ҳеҷ маъсияти азимтар аз ҷаҳл нест . Ва ҷаҳл ба ҷаҳл аз ҷаҳли азимтар ки чун надонад ки надонад ҳаргизи нёмўзд ва он ҳиҷобу сад вай гардад . Ва ҳамчунин таълим кардани шогирдиро ки донеи мақсӯди вай онаст то аз қазоу авқофу моли айтому моли султони дунё ба даст оварад ва ба мубоҳоту мноФст машғӯл шавад ҳаромаст . Ва агар мударрис гуяд : нияти ман нашр илмаст агар вай дар фасод ба кор дорад ман мохўзи ният хеш бошам . Ин ҷаҳл маҳз бошад ва ҳамчун касе бошад ки шамшерӣ ба касе бахшад ки роҳ занаду ангур ба касе бахшад ки хамр кунад . Ва гуяд мақсӯди ман саховатасту худои таъолии ҳеҷ халқи дӯсттар аз саховат надорад .
Ин аз ҷаҳли вай буд , балки чун донад ки роҳ хоҳад задани шамшер аз дасти ваии берун бояд кард . Чигуна раво буд ки ба вай диҳад ?у ҳамаи салаф ба худои таъолӣ пноҳидаҳанд аз олами фоҷир ва ҳар шогирдӣ ки аз ваии асари маъсият дидаанд маҳҷӯр бкрдаҳанд то Аҳмади бен ҳанбали шогирдии қадимро маҳҷӯрӣ кард ба сабаби он ки беруни сарой дар коҳгл гирифт ва гуфт як нохун аз шоҳроҳи мусулмонон ФрогрФтӣ нишоед илми омухтан . Пас маъсият ба ният нагардад , балки хайр аз он буд ки фармон бар он буд .