Ва ният дар ин аз ду дараҷа асар дорад : яке он ки асли вай ба ният дуруст ояд . Ва дигари он ки ҳарчанд ният бештар мешавад савоби музоъаф ҳаме шавад . Ва ҳаркии илми нияти биомузад ба як тоъат чанд ният некӯ битавонад кард то он ҷумла тоъат шавад . Маслан чун дар масҷид эътикоф кард ният кунад ки ин хона худоӣасту ҳарки дар ӣнҷо шавад ба зиёрати худоӣ шуда буд . Ки расӯл ( с ) гуфтааст , « ҳарки дар масҷид шуд ба зиёрат худоӣ рафт » . Ва ҳақаст бар ҳамаи кас ки зоирро икром кунад .
Дувуми он ки интизори дигари намоз ҳаме кунад ки дар хабараст ки мунтазири намоз дар намозаст . Сими он ки ният кунад ки бад-ӣни чашму гӯшу забону дасту пой аз ҳаракот боздорад ва ин навъе аз рӯзааст . Ки дар хабараст ки нишастан дар масҷиди рҳбонити уммат манаст . Чаҳоруми он ки шуғлҳо аз хештан давр кунад то ҳамагии худ ба ҳақ таъолӣ диҳад ва ба фикру зикри муноҷот машғӯл шавад . Панҷуми он ки аз мхолтту шари мардумон саломат ёбад .
Шашуми он ки агар дар масҷидӣ мункирӣ бинад наҳй кунад ва агар хайрӣ бинад бифармоед ва агар касе намоз бад кунад ӯро биомузад . Ҳафтуми он ки бошад ки аҳли диниро бинад бо вай бародарӣ гирад дар дайн . Ки масҷиди оромгоҳ дайнаст . Ҳаштуми он ки аз худои таъолӣ шарм дорад ки дар хонаи вай гуноҳ кунаду бади андешаду бад-ӣн қиёс кун ҷумлаи тоъотро ки дар ҳар яке ният бисёр тун кард то савоб музоъаф шавад .