Бидон ки ҳамаи мақомоти дайн бар се асл гардад : илму ҳолу амал , аммо илму ҳоли таваккул шарҳ карда омад . Ва амал монад ва бошад ки касе тахайюл кунад ки шарти таваккул он бошад ки ҳамаи корҳо бо худоӣ таъолӣ гузорад ва ба ихтиёри хеши ҳеҷ кор накунад , албата то касб накунад ва ҳеҷ чизи фардоро наниҳад ва аз мору каждуму шери нгризд ва агар бемор шавад дору накунад ин ҳама хатост ки ҳамаи бархилоф шаръасту шаръ бар таваккул сано кардааст чигуна мухолиф бошад шаръро ?
Балки ихтиёри одамӣ ба даст овардан молӣ бошад ки надорад ё дар нгоҳдошти он ки дорад ё дар дафъи зарарӣ ки ҳосил наёмадааст ё дар азолти зарарии ҳосил омадаасту таваккул дар ҳар яке ҳукмӣ дорад ва ин чаҳор мақоми лобуди шарҳ бояд кард :