Бидон ки дӯстии ҳақи таъолии олитарин мақомотаст , балки мақсӯди ҳамаи мақомот инаст , чаҳ рубъи мӯҳликот барои таҳоратаст аз ҳарчӣ аз дӯстии ҳақи таъолӣ машғӯл кунаду ҳамаи мунҷӣот ки пеш аз ин гуфтаем муқаддамот инаст , чун тавбау зуҳду сабру хавфу ғайри ону ончии пас аз инасту табаъ инаст чун шавқу ризоу ғояти камоли банда онаст ки дӯстии ҳақи таъолӣ бар вай ғолиб шавад , чунон ки ҳамагии вай фаро гирад . Агар ин набӯд бории ғолибтар буд аз дӯстии дигари чизҳо ва шинохтани ҳақиқати муҳаббати чунон мушкиласт ки гуруҳе аз мутакаллимон инкор кардаанд ва гуфтаанд ки касе ки аз ҷинс ту набӯд вайро дӯст натавон доштану маънии дӯстии худоӣ фармонбардорӣасту бас . Ва ҳаркии чунин пиндорад аз асли дайн чизе надониста буд . Ва шарҳи ин муҳимаст ва мо аввали шавоҳиди шаръ бар исботи дӯстии худои таъолии бигӯем , онгоҳи ҳақиқату аҳкоми ваии бигӯем .