Аз ин ҷумла ки рафт шарафи гавҳари дили одамӣ маълум шуду роҳи суфиёни маълуми гашт ки чист ва ҳамоно ки шунида бошӣ аз суфиён ки гӯйанд : « илм ҳиҷобаст аз ин роҳ » ва инкор карда бошӣ ин суханро инкор макун ки ин ҳақаст , чаҳ маҳсусот ва ҳар илм ки аз роҳи маҳсусот ҳосил шавад , чун бидон машғӯл ва мустағриқ бошӣ , аз ин маҳҷӯб бошӣ .
Ва мисли дил чун ҳавзӣаст ва мисли ҳавос чун панҷ ҷӯйаст ки об аз вай ба ҳавз ояд аз берун агар хоҳӣ ки оби софӣ аз қаър ҳавз барояд , тадбир онаст ки ин оби ҷумла аз вай берун кунӣу гули сиёҳ ки аз асари ин обаст ҳам берун кунӣу роҳи ҳама ҷӯйҳо бабандӣ то низ об наёяду қаъри ҳавз ҳаме кунӣ то оби софӣ аз даруни ҳавз падедор ояд ва то ҳавз бидон об ки аз берун дар омадааст машғӯл бошад , мумкин нашавад аз даруни вай об барояд ҳамчунин ин илм ки аз даруни дил берун ояд , ҳосил наёяд то аз ҳарчӣ аз берун дар омадааст холӣ нашавад .
Аммо олам агар хештанро холӣ кунад аз илм омӯхта ва дил бидон машғӯл надорад , он илми гузаштаи вайро ҳиҷоб набошаду мумкин буд ки ин фатҳи вайро барояд , ҳамчунон ки чун дил аз хаёлоту маҳсусот холӣ кунад , хаёлоти гузаштаи вайро ҳиҷоб накунад .
Ва сабаби ҳиҷоб онаст ки чун касе эътиқоди аҳл суннат биёмухт ва далелҳои вайро чунон ки андари ҷадал ва мунозира гӯйанд , биёмухту ҳамагӣ хеш бидон дод ва эътиқод кард ки варои ин худ ҳеҷ илм нест ва агар чизеи дигар дар дил вай ояд , гуяд : « ин хилоф онаст ки ман шунидаам , ва ҳар чаҳ хилоф онаст ботил бошад » мумкин нашавад ки ин касро ҳаргизи ҳақиқати корҳо маълум шавад ки : он эътиқод ки авоми халқро биомузанд , қолаби ҳақиқат буд на айни ҳақиқат . Маърифати тамом буд ки он ҳақоиқ аз он ғолиб макшуф шавад , чунонкии мағз аз пӯст .
Ва бидон ки касе ки тариқи ҷадал дар нусрати он эътиқоди биомузад , вайро ҳақиқатии макшуф нашуда бошад чун пиндоради ҳама онаст ки вай дорад , ин пиндори ҳиҷоб вай гардад ва ба ҳукми он пиндор ғолиб шавад , бар касе ки чизе омӯхта бошад , ғолиби он буд ки ин қавм маҳҷӯб бошанд аз ин дараҷа ва ин ҳол ҷадалёнаст пас агар касе аз ин пиндор берун ояд , илми ҳиҷоб ӯ набошад ва он гоҳ чун ин фатҳи вайро барояд , дараҷаи вай ба ғоят камол расаду роҳи ваии эминтар буду дурусттар буд ки касе ки қадами вай дар илми росих нашуда бошад бештар он бошад ки муддатии дароз дар банди хаёлӣ ботил бимонаду андакии мояи шбҳтии вайро ҳиҷоб кунаду олам аз чунин хатар эмин бошад пас маънии ин ки « илм ҳиҷобаст » бояд ки бадоне ва инкор накунӣ чун аз касе шунида бошӣ ки вай ба дараҷаи мкошФт расида бошад .
Аммо ин абоҳтён ва ин мтбўқон беҳосил ки дар ин рӯзгори падед омадаанд ,у ҳаргизи эшонро худ ин ҳол набӯдаасту лекини иборат чанд мзбқ аз томот суфиён бигрифтаанд шуғли эшон он бошад ки хештанро ҳама рӯз мешӯйанд ва ба Фўтаҳу мураққаъ ва саҷҷода меоройанд ва он гоҳи илмроу уламоро мазаммат мекунанд , эшон куштанӣанду шайтон халқанду душмани худоӣ ва расӯланд ки худоу расӯл , илмроу уламоро мадҳ гуфтаанду ҳамаи оламро ба илм даъват кардаанд ин мудаббири мтўқи або ҳатто , чун соҳиб ҳолатӣ набошаду илм ҳосил накарда бошад , вайро ин сухан кӣ раво бошад ? ва мисли вай чун касе бошад ки шунида бошад ки кимиё аз зари беҳтар буд ки аз ваии зар байнҳоят ояд , чун ганҷҳои зари пеш вай ниҳанд , даст ба ваии набард ва гуяд : « зар ба чаҳ кор ояду вайро чиқадр бошад кимиё бояд ки асл онаст » зари Фронстонду кимиёи худ ҳаргиз надониста буд , мудаббиру муфлис ва гурусна бимонад ва аз шодии ин сухан ки « ман худ бигуфтам ки кимиё аз зари беҳтар буд » тараб мекунад ва лоф мезанад .
Пас мисоли кашфи анбиёу авлиё чун кимиёсту мисоли илми уламо чун зарасту соҳиби кимиёро бар ин соҳиб фазласт бар ҷумла .
Ва локини ӣнҷои як дақиқа дигараст ки агар касе чандон кимиё дорад ки аз ваии сад динор беш ҳосил наёяд , вайро фазл набошад бар касе ки ваии ҳазор динор зар дорад , чунонкии кутуби кимиёу ҳадиси ону толиби он бисёрасту ҳақиқати он дар рӯзгори дароз ба даст ҳар касе наёяду бештари касоне ки ба талаб он бархезанд ҳосили эшон қуллобӣ буд кори суфиён низ ҳамчунин бошаду азиз буду ончӣ буд андак буду нодир буд ки ба камол расад пас бояд ки бад-ӣн бишносӣ ки ҳар касро ки аз ҳолати суфиёни чизе падед меояд андак , вайро бар ҳамаи олам фазл набошад ки бештари эшон он бошад ки аз авоили кор бар эшон чизе пайдо ояд ва он гоҳ аз он биафтад ва тамом нашавад ва баъзе бошад ки савдоеу хаёлии барояшон ғолиб шавад ва он роҳқиқтӣ набошад ва эшон пиндоранд ки он корӣаст воздаҳ , на чунин бошад ва чунон ки дар хоб ҳақиқатасту азғос аҳломаст , дар он ҳол ҳамчунин бошад , балки фазли сари уламо касеро буд ки дар андари он ҳоли чунон комил шуда бошад ки ҳар илм ки бад-ӣн таъаллуқ дорад , ки дигаронро ба тааллум буд , ваии худ бе тааллуми бидонад ва ин сахти нодир буд .
Пас бояд ки ба асли роҳи тасаввуф ва ба фазли эшон имони дорӣ ва ба сабаби ин мтўқони рӯзгор , эътиқод дар эшон табоҳ накунӣ ва ҳар ки аз эшон дар илму уламо таън кунад , бадоне ки аз беҳосилӣ кунад .