Бидон ки тани мамлакат диласту андари ин мамлакати дилро лашкарҳои мухталифаст : « ва мо иълми ҷунуди рбки алои ҳў »у дилро ки офарӣдаанд барои охират офарӣдаанду кори ваии талаб саодатасту саодати вай дар маърифати худоӣ таъолӣасту маърифати худои таъолии вайро ба маърифати сунъи худоӣ ҳосил ояд ва ин ҷумла оламасту маърифати аҷоиби олами вайро аз роҳи ҳавос ҳосил ояд ва ин ҳавосро қавом ба колбудаст , пас маърифати сайд вайасту ҳавоси дом вайасту колбуди мураккаб вайасту ҳмолу дом вайаст : пас вайро ба колбуди бад-ӣни сабаб ҳоҷат афтоду колбуди вай мураккабаст аз обу хоку ҳарорату рутӯбату бад-ӣни сабаб заъифаст ва дар хатар ҳалокаст , аз дарун ба сабаби гуруснагӣу тишнагӣ ва аз берун ба сабаби оташу об ва ба сабаби қасди душманону ддгону ғайри он ; пас вайро ба сабаби гуруснагӣу тишнагӣ ба таому шароб ҳоҷат уфтаду бад-ӣни сабаб ба ду лашкари ҳоҷат буд : яке зоҳир , чун дасту поу даҳону дандону меъда ва яке ботин , чу шаҳвати таому шаробу вайро ба сабаби дафъи душманони берӯнӣ ба ду лашкар ҳоҷат уфтад : яке зоҳир чун дасту поу силаҳ ва яке ботин чун хашму ғазаб ва чун мумкин набошад ғизоиро ки набинад талаб кардану душманиро ки набинад дафъ кардан , вайро ба идрокот ҳоҷат афтод : баъзе зоҳир ва он панҷ ҳавосаст чун чашму бинӣу гӯшу завқу ламс ва баъзе ботин ва он низ панҷасту манзилгоҳи он димоғаст : чун қӯти хаёлу қӯти тафаккуру қӯти ҳифзу қӯти тазаккуру қӯти таваҳҳум ҳар якеро аз ин қӯтҳо корӣаст хос ва агар яке ба халал шавад , кори одамӣ ба халал шавад дар дайну дунё .
Ва ҷумлаи ин лашкарҳои зоҳиру ботин ба фармон диланду ваии амиру подшоҳ ҳамааст : чун забонро фармон диҳад , дар ҳол сухан гуяд ва чун дастро фармон диҳад , бигирад ва чун пойро фармон диҳад , баравад ва чун чашмро фармон диҳад , бингарад ва чун қӯти тафаккурро фармон диҳад , бияндешаду ҳамаро ба тўъу табъи мутӣъу фармонбардор ӯ кардаанд то танро нигоҳ дорад , чандоне ки зоди хеш бар гираду сайди хеш ҳосил кунаду тиҷорати охират тамом кунаду тухми саодат хеш бипароканад тоъати доштани ин лашкар , дилро , ба тоъати доштан Фариштагон монад ҳақи таъолиро ки хилоф натавонанд кардан дар ҳеҷ фармон , балки ба табъу тўъ фармонбардор бошанд .