Пас аз ин ҷумла ки шарҳ мувозина гуфта омад , миёни ҳазрати подшоҳии одамӣу миёни подшоҳии ҳазрати молики алмалик ба ду илми азим ишорат афтод , яке илми нафаси одамӣу кайфияти таъаллуқи аъзои вай ба қӯтҳоу сифоти вайу кайфияти таъаллуқу сифот ва қӯтҳои вай ба дил , ва ин илмӣ дарозаст ки таҳқиқи он дар чунин китоб натавон гуфту дигари тафсили иртиботи мамлакати подшоҳи олам ба Фариштагону иртиботи Фариштагон ба якдигару иртиботи смўоту курсӣу арз бо эшон ва ин илмӣ дарозтарасту мақсӯд аз ин ишорат онаст то он ки зирак буд ин ҷумла эътиқод кунаду азимати ҳақ , ъзўҷл , бад-ӣн ҷумла бишносад ва он ки балед буд , ин миқдори бидонад ки чигуна ғофиласт ва чигуна мағбун ки аз мтолъти чунин ҳазратӣ бо ин ҳамаи ҷамоли маҳрӯм мондааст ва аз ҷамоли ҳазрати илоҳят , худ халқ чаҳ хабар дорад ва ин миқдор ки гуфта омад , аз он ҷумла ки халқ битавонад шинохт , худ чист .