Бидон ки чун назар кунӣ андари тафосили дунё , бадоне ки дунё иборатаст аз се чиз , яке аъёни чизҳо ки бар вай рӯй замин офарӣдаанд чун наботу маъдану ҳайвон ки асли замин барои маскан ва барои манфиати зироат май бояду маодин чун мису биринҷу оҳан барои олотроу ҳайвонот барои мураккаб ва барои хӯрданроу одамии дилу танро бад-ӣн машғӯл кардааст аммо дил ба дӯстӣу талаби вай машғӯл медорад ва аммо танро ба ислоҳи ону сохтани кори он машғӯл медорад .

Ва аз машғӯли доштани дил ба дӯстии он , дар дили сифатҳо падед меояд ки он ҳамаи сабаби ҳалок буд чун ҳирсу бухлу ҳасаду адовату ғайри он ва аз машғӯли доштан тан бидон , машғӯлии дил падед меояд то худро фаромӯш кунаду ҳамаро ба кори дунё машғӯл дорад .

Ва чунон ки асли дунёи се чизаст : таому либосу маскан , асли саноат ки зарурат одамӣаст низ се чизаст : барзигарӣу ҷўлоҳӣу банноӣ , лекини ин ҳар якеро фурӯъанд ки баъзе сози он ҳаме кунанд , чун ҳаллоҷу ресандаи ресмон ки соз ҷўлоаҳ мекунанд ва баъзе онро тамом мекунанд чун дарзӣ ки кори ҷўлоаҳ тамом кунад ва ин ҳамаро ба олот ҳоҷат афтод аз чӯбу оҳану пӯсту ғайри он , пас оҳангару дурудгару хроз пайдо омад , ва чун ӣнҳама пайдо омад , эшонро ба муовинати якдигари ҳоҷат буд ки ҳар касе ҳамаи корҳои худ наметавонист кард , пас фароҳам омаданд то дарзии кори ҷўлоаҳ ва оҳангар мекунаду оҳангари кор ҳар ду мекунад ва ҳамчунин ҳар яке корӣ ҳаме кунанд , пас миёни эшон мъомлтӣ падед омад ки аз он хусуматҳо хост ки ҳар яке ба ҳақи хеш ризо намедоду қасд якдигар мекарданд , пас ба се навъи дигар ҳоҷат афтод аз саноати сиёсату салтанат , дигари саноати қазоу ҳукӯмат , дигари фиқҳ ки бидон қонӯни васотати миён халқ бидонанд ва ин ҳар яке пеша Эйаст , агар чаҳ бештари он ба даст таъаллуқ надорад .

Пас бад-ӣни ваҷҳи машғалаҳои дунё бисёр шуд ва дар ҳам пайвасту халқ дар миёни он хештанро гум карданд ва надонистанд ки аслу аввали ин ҳамаи се чиз беш набӯд таому либосу маскани ин ҳама барои ин се ва барои тан май бояду тан барои дил май бояд то мураккаб вай бошаду дил барои ҳақ , ъзўҷл , май бояд пас худроу ҳақро фаромӯш карданд , монанди ҳоҷӣ ки худроу каъбароу сафарро фаромӯш кунаду ҳамаи рӯзгори хеш бо таъаҳҳуд уштур оварад .

Пас дунёу ҳақиқати дунё инаст ки гуфта омад ҳар ки дар вай бар сари пой ва мстўФр набошаду чашм бар охират надораду машғалаи дунё беш аз қадари ҳоҷати дрпзирд , ваии дунёро нашинохта бошаду сабаби ин ҷаҳласт ки расӯл ( с ) гуфтааст дунё ҷодӯтараст аз Њоруту морут , аз вай ҳазар кунед ва чун дунёи бад-ӣн ҷодўӣӣаст , фариза бошад макр ва фирефтани вайро ба донистани тимсоли кори ваии халқро равшан кардан , пас акнӯн вақт онаст ки мисолҳои вай бишинавӣ .