Ҳамоно ки гӯйӣ аз зоҳири шаръ маълумаст ки ин аждарҳо бибинанд ба чашми сар , он аждарҳо ки дар миён ҷонаст дӣданӣ нест бидон ки ин аждарҳо дӣданӣаст , влкни ҳам мурда бинаду касоне ки дар ин олам бошанд набенанд ки чизро ки аз он олам бошад , ба чашми ин олам натавон дид ва ин аждарҳо , мурдаро мтмсл то ҳамчунон мебинад ки дар ин ҷаҳон мебинад влкн ту набинӣ , чунон ки хуфта , бисёр бинад ки вайро мор мегазад ва он ки дар бар вай нишаста бошад набинад ва он мори хуфтаро мавҷӯдасту ранҷи вайро ҳосил ва дар ҳақи бедор маъдӯмаст ва аз он ки бедори вайро намебинад , аз ранҷи ваии ҳеҷ чиз камтар нашавад .
Ва чун хуфта ба хоб бинад ки мори вайро мегазад , он захм душманӣаст ки бар вай зафар хоҳад ёфт ва он ранҷи рӯҳонӣ буд ва бар дил бошад , влкни мисоли он чун аз ин олам ба орият хоҳанд , Марӣ бошад ва бошад ки чун он душман бар вай зафар ёбад , гуяд , « таъбири хоб хеш бидидам » пас гуяд , « кошкӣ марои мори бгзидӣ ва ин душман бар ман коми хеши нрондӣ » ки ин азоб бар дили вай аз ончӣ ки бар тан бошад аз мори азимтар буд пас агар гӯйӣ ки ин мор маъдӯмасту ончии вайро мегазад хаёлӣаст , бидон ки ин ғалатӣ азимаст , балки он мор мавҷӯдаст .
Ва маънии мавҷӯд « ёфта » буду маънии маъдӯм « ноёфта » бўдў ҳар чаҳ ёфта ту шуд дар хоб ва ту онро май бинӣ , он мавҷӯдаст аз ҳақи ту , агар чаҳ ҳеҷ каси дигари онро натавонад дид ва ҳарчӣ ту онро наме бинӣ , ноёфта ва номавҷӯд туаст , агарчӣ ҳамаи халқи онро май бенанд ва чун азобу сабаби азоб , ҳар ду мурдау хуфтаро ёфтааст , аз он ки дайгарӣ набинад , дар он чаҳ нуқсон ояд ?
Аммо ин ҳаст ки хуфтаи зуд бедор шавад ва аз он барраад ; пас онро хаёлӣ ном кунанд , аммо мурда дар он бимонад ки маргро охир нест , пас бо ӯ бимонад ки маргро охир нест , пас бо ӯ бимонад ва ҳамчун маҳсусоти ин олам бошад дар сабот .
Ва дар қуръон ва дар шариъат нест ки он мору каждум ва аждарҳо ки дар гӯр бошад , бад-ӣни чашми зоҳири умум халқ битавонад дид то дар олам шаҳодат бошанд , аммо агар касе ки аз ин олам давр шавад , бидон ки бхсбду ҳоли ин мурдаи вайро кашф кунанд , вайро дар миёни мор ва каждум бинаду анбёءу авлиё низ дар бедории бенанд ки ончии дигаронро дар хоб бошад , эшонро дар бедорӣ бошаду олами маҳсусот , эшонро аз мушоҳида ӣ корҳои он ҷаҳон ҳиҷоб накунад .
Пас ин итноб бар он меравад ки гуруҳе аз аҳмақон , бидон миқдор ки дар гӯр нигаранд ва чизе набенанд бад-ӣни чашми зоҳир , азоби алқбрро инкор кунанд ва ин аз онаст ки роҳи Фрокори он ҷаҳон ндонанд .