Аз ин ҷумла бишнохтӣ ки ҳақиқати ҷони одамӣ қоимаст ба зоти хеш беқолабу андари қавоми зоти хеш мустағнӣаст аз қолабу маънии марг на нестӣ вайаст балки маънии он инқитоъи тасарруф вайаст аз қолабу маънии ҳашару нашру баъсу иъода , на онаст ки вайро пас аз нестӣ бо вуҷӯд оваранд , балки он ,аст ки вайро қолаб диҳанд , бидон маънӣ ки қолабиро муҳайёи қабули тасарруф вай кунанд як бори дигар , чунон ки дар ибтидо карда буданд ва ин бори осонтар буд ки аввали ҳам қолаб мебоист офарид ва ҳам рӯҳ ва ин бори худ рӯҳ бар ҷой хешаст аънии рӯҳи инсонӣ ,у аҷзоъи қолаб низ бар ҷой хешасту ҷамъи он осонтар аз ихтироъи он аз онҷо ки назари мост ва аз онҷо ки ҳақиқатаст , сифати инсониро ба феъли илоҳӣ роҳ нест ки онҷо ки сифат душворӣ набошад , осонӣ ҳам нест .

Ва шарти аъодт он нест ки ҳам он қолаб ки доштааст бо вай диҳанд ки қолаб мураккабаст ва агарчӣ асб бадал уфтад , савор ҳамон бошад ва аз кӯдакӣ то перии худ бадал афтода бошад аҷзои вай бо аҷзоеи дигару ваии ҳамон буд пас касоне ки ин шарт карданд то барояшон ашколҳо хост ва аз он ҷавобҳои заъиф доданд , аз он такаллуф мустағнӣ буданд ки эшонро гуфтанд ки мардумӣ мардумӣ бихӯрад , ҳамон аҷзои аҷзоъи ин дигар шавад , аз ин ду бо кадом диҳанд ? ва агар узвӣ аз ваии бибаранду онгоҳ тоъатӣ кунад , чун савоб ёбад , ин узви бурӣдаи ҳам бо вай бошад ё на ? агар бо вай набошад , дар биҳишт бечашм ва бедаст ва бепой чигуна буд ? ва агар бо вай бошад , он аъзоро дар ин олам анбозӣ набӯд дар тоъату амал , дар савоб чигуна анбоз буд ? ва аз ин ҷинс тараот гӯйанду ҷавоб таклиф кунанду бад-ӣни ҳама ҳоҷат нест чун ҳақиқат аъодт нест ки бо ҳамаи қолаб ҳоҷат нест ва ин ашкол аз он хост ки пиндоштанд ки тўӣӣ ва туу ҳақиқати ту қолаб туаст , чун он бъинаҳ бар ҷой набошад , он на ту бошӣ , бад-ӣни сабаб дар ашкол уфтаду асли ин сухан ба халаласт .