Бар зулфи ту то боди саборо гузар афтод

Баси нофаи чин бар сар ҳар раҳгузар афтод

Баси Юсуф дил дид дар он чоҳи занхдон

Девонаи дилам бар сари онон ба сар афтод

Моро зи сари зулфи ту ин шева хуш омад

КошФтаҳ чу мо бар сару пои ту дар афтод

Як ҳалқа аз он зулфи гиреҳ гир гушӯданд

Сад уқда ба кори ман бепо ва сар афтод

Дигари хабари мардум ҳушёр напурсад

Он маст ки дар кӯии Муғон бехабар афтод

То зулфи ту дар дасти насим саҳар афтод

Кори ман савдо зада зер ва зибр афтод