Ҳадиси равзаи ризвону нори ниронш
Ҳикоятӣаст зи авзоъи васлу ҳиҷронаш
Бирез сайли сиришкам ки ҷон ба дар набард
Ҳазор киштии Нӯҳ аз балои тӯфонаш
Ту Хизри роҳи шӯ эй ишқ то дар ин дами марг
Расонӣ аз злмотм ба оби ҳайвонаш
Алоҷи ин дили девонаро тавонам кард
Ба даст уфтад агар турраи парешонаш
Дило матоъи гиронмояи исти гавҳари умр
Вале чаҳ суд ки мо медиҳем арзонаш
Басӣ намонда ки якбора бартараф гардад
Саҳоби чашми ман аз бас ки рехти боронаш