зи ҷаврати бас ки шабҳо нола чун мурғ саҳар кардам

зи бедоди ту мурғони саҳарро бо хабар кардам

Ба роҳи ишқи ҳаркаси аўФтод аз по ба сар пуед

Хилофи ман каз аввали гоми тарки по ва сар кардам

Агар ушшоқро хӯни ҷигари ашк равон гардад

Ман аз ишқи ту ашки чашмро хӯн ҷигар кардам

Шунидам коташи дил май нишонди ашки чашми мо

Надидам балки ман аз оташи дили дида тар кардам

Пари парвона аз шамъи муҳаббати сӯхт аммо ман

Саропои хешро аз партави ин шамъ пар кардам