То накунад дарди рахна дар дили инсон
Роҳи наёбад дар ӯ муҳаббати ҷонон
То назанӣ уқда бар слосли гесу
Ҷамъ набинӣ дили ҳазор парешон
Шарм кун охири зи тавбаҳои шикаста
Чанд нахоҳӣ шудани зи тавбаи пушаймон
Субҳи мунаввар чигуна чеҳраи кушояд
То нарасонӣ шаби сиёҳ ба поён