Лаби лаълат гузиданам ҳавас аст

Хӯн ӯро макиданам ҳавас аст

эй саропои намаки сари ангуштӣ

Аз баёнат чашеданам ҳавас аст

Фӯҳш аз кони қанди лабҳоят

Ман мукаррари шуниданам ҳавас аст

Ман бадӯр аз лабат чун Искандар

Сӯии ҳайвон давиданам ҳавас аст

То фикандӣ бетаи зи рухи парда

Ҳур ва ризвон надиданам ҳавас аст

То намӯдӣ ту рӯй шаҳри ошӯб

Бути парастӣ гузиданам ҳавас аст

То ки куфри ду зулф ту дидам

Дили зи имон бариданам ҳавас аст

Аз камони ту новаки ғамза

Ба дилу ҷон хариданам ҳавас аст

Гулӣ аз гулистони оризи ту

Яъне як бӯса чиданам ҳавас аст

Ҳамчуи кӯҳли алҷўоҳрӣ ба басар

Хок поят кашӣданам ҳавас аст

Парда Эй шуд ҳиҷоби чеҳраи ҷон

Пардаи ҷон дариданам ҳавас аст

Ҳони ғборо чу тоири қудсӣ

Сӯии ризвон париданам ҳавас аст