Ваъдаи васл ар диҳад , сабри тақозо бас аст

Фоидаи интизор , тарки таманно бас аст

Мурғи гирифторро , ҳавсила боғ нест

Барги гулӣ дар қафас , баҳри тамошо бас аст

Хори раҳи ишқро , дар ҷигари худ шикан

Каз паии музди қадам , обилаи по бас аст

Юсуф агар ҳамраҳаст , қофилаи гӯ амн бош

Бадарғаи корвон , ишқи Зулайхо бас аст

Омадаи хамҳо ба ҷӯш , раҳм кун эй пери дайр

Ҷоми марои қатрае , зини ҳамаи дарё бас аст

Ёди чаман то ба кӣ , шарм кун эй чашм тар

Гар ғаразат гиряаст , домани саҳро бас аст

Доғи ҷунун , ҳамнишин бар сар қудсӣ манеҳ

Каз паии саргармиаш , оташи савдо бас аст