Айём баҳорасту ҳавоӣ чаманам нест
Шодам ба ғамати завқи гул ва ёсуманам нест
Гар шӯр қиёмат шавад аз хок нахезам
Чун ғунча сар нашаву намо дар кафанам нест
Чун гулшани тасвир , гулам буи надорад
Бо онкии гули сохтае дар чаманам нест
Чун акс дар ойӣнаи гуҳӣ , гоҳ дар обам
Беруни зи дили софи замирон ватанам нест