зи рашк , боди сабо гарчи сӯхти ҷони маро
Вале зи барг гул орост ошёни маро
Марост ҷазбаи шавқӣ ки ҳар куҷо май Ром
Ҳумо ба кӯии ту май оради устихони маро
Хушам ба гиряи хунин ки фарқ натавон кард
Ба вақт чидани гул , аз гули ошёни маро
Ҳазор шукр аз он уқда ҷабин дорам
Ки гоҳи шиква гиреҳ мезанад забони маро
Сиррии зи қиссаи ошиқи бурун наме оранд
Касе чаро кунад оғози достони маро
Чаҳ гиряҳо ки кунад бар бизоъат кам хеш
Чу абр ёд кунад чашм хӯн фишон маро
Хушам ки то зи сари кӯй офият рафтам
Касе надида чу қудсӣ дигар нишони маро