Пайвастаи фикри васл батон пеша ман аст
Кӯтоҳтар зи фикри ман андеша ман аст
Сангӣ агар ба шишаи баради роҳ санг ӯст
Гар шишае ба санг хӯрд шиша ман аст
Заҳмат надид мӯрчае зери пои ман
Кин пой нест , чӯби таҳи теша ман аст
Ҳарҷо ниҳоли меҳр ва муҳаббат шавад баланд
Чун неки бенгарӣ зи рагу реша ман аст
Кӣ ошно буд дили ҳаркас ба дарди ишқ
Қудсӣ ба ман гузор ки ин пеша ман аст