Моро зи дасти ҷаври ту пой гурез нест
Роҳат , насиби дидаи хуноба рез нест
Шуд санг , хок дар кафи Тифлони зи интизор
Доғами азин хароба ки девона хез нест
Бо душманам чаҳ кор ки аз бе таъаллуқӣ
Бо дӯсти ҳам марои сару барг ситез нест
Дар базми аҳли дард ба як ҷӯ наме харанд
Гар шишае зи санги бало ризриз нест
Хубони ин диёр надоранд як шаҳид
Дардо ки теғи ғамзаи дарин шаҳр тез нест
Гуё зи чашми ҳалқаи зулфаш фитода аст
Боди сабо ки май вазаду машк без нест
Доғам ки дами зи сӯзи муҳаббат чаро занад
Парвонаро ки болу пари шуъла рез нест
Қудсӣ фитодаам ба тилисмӣ ки чун қафас
Сад рахна беш дораду роҳ гурез нест