Хоҳад дили ман шарбати дидор ва дигар ҳеҷ
Инаст алоҷи дили бемор ва дигар ҳеҷ
Ҳарчанд ки дар кулбаи мо дидаи гушойӣ
Ишқаст рақам бар дару девор ва дигар ҳеҷ
Ҳарчанд малики номаи аъмол маро дид
Номи ту рақам дид ба тӯмор ва дигар ҳеҷ
Гар зери куҳани далқи марои халқи биҷӯянд
Ёбанд ҳамин риштаи зуннор ва дигар ҳеҷ
Ҷузи замзама ишқ надонад дили қудсӣ
Мавҷӯд шуд аз баҳри ҳамин кор ва дигар ҳеҷ