Назар бар оинаи хубон чу бениқоб кунанд

зи шавқ , оинаро музтариб чу об кунанд

Муроди халқи зи як дидан ту ҳосил шуд

Дигар намонад дуое ки мустаҷоб кунанд

Чаҳ толеъ аст надонам ки субҳи ошиқ ро

Чу шом , пардаи рухсор офтоб кунанд

Ба рӯз ҳашар намонад сиёҳи нома касе

Агар сиёҳии бахти маро ҳисоб кунанд

з тирагӣ нишморанд дар ҳисоби шабаш

зи умр , рӯзи хушамрогар интихоб кунанд