Бе рӯй ту корами ҳама бо дидатар буд
То домани хок аз мижаам лухти ҷигар буд
Дар гулшани андеша ба ёди руху зулфат
Ҳар сӯ ки шудам сунбулу гул то ба камар буд
Нашикуфт гулӣ аз асари нағмаи булбул
Ин файзи насиби нафаси боди саҳар буд
Ҳар айб ки буд аз назар халқ наҳафтум
Он айб ки пӯшида нигарадед ҳунар буд
Ҳаргизи зи бади хеш фаромӯш накардам
Ҳарҷо ки шудам , оинаам пеши назар буд