Дилбастагӣ намонад ба ворастагии маро

Ворастагӣ мабод зи дилбастагии маро

Осӯдагӣ ба шарбати маргам алоҷ кард

Душмани табиби гашти дарин хастагии маро

Кардам зи ишқи шиква талофӣ наме шавад

Сӯзанд агар ба оташи ворастагии маро

Рӯзӣ ки ҷома бар қад аҳбоб дӯхтанд

Ишқат қабул кард ба шойистагии маро

Тарсами з нозукӣ шаканд шишаи дилам

Дар бар каш эй насим ба оҳистагии маро

Қудсии рӯми туфайли ҳарифон ба базм ӯ

Ҳаргиз нахонд ёр ба донистагии маро