з ҳиҷр кард хабардори васли ёри маро

Салои гашт хазон медиҳад баҳори маро

Саводи зулф батонаст нусхаи бахтам

СФидбхт надидааст рӯзгори маро

зи ишқ то шудам осӯдаи зортар гаштам

Фузуд нашъаи ин бода аз хумори маро

Фиғон ки сӯхтаму остини лутф касе

Нарафт оинаи хотир аз ғубори маро

зи қадари мардумаки чашм офтоб шавам

Ба қадари зарра агар бахшеи эътибори маро

Чу гуфтамаш з чаҳ бастии камар ба хӯнам гуфт

Камар барои ҳамин бастаи рӯзгори маро

Намонад орзӯе дар дилам ки мардуми чашм

Ба саъй гиря наёвард дар канори маро