Чун ғунчаи дилам аз нами хӯн занг баровард

Хӯни дили ман оқибати ин ранг баровард

На ғунчаи ин боғам ва на лолаи ин дашт

Ишқ аз чаҳ сияҳи бахтам ва дилтанг баровард ?

Дар базми ту имшаб ба дилами хуш асарӣ дошт

Ҳар нағма ки мутриби зи раг чанг баровард

Нанишаст мувофиқ ба касе нақши муродам

Бо ҳарки дар сулҳ задам ҷанг баровард

Ҳаргиз нашуд аз лиззати дидори тасаллӣ

Ҳирси нигаҳати чашми маро танг баровард

Оҳам ба вафо кард турои гармтар аз ман

Дӯди дилами оташи зи дил санг баровард