Ҳаргизами дидаи чунин моил дидор набӯд

Шавқ то буд , ба ин гармӣ бозор набӯд

Буд бисёрам азин пеши зарурат , аммо

Ҳаргизами ишқ чу ин мартаба дар кор набӯд

Бирав эй ақл ва машав монеъи расвои ман

Ишқ кӣ буд ки афсона бозор набӯд ?

Ишқам оварад дарин доираи рӯзӣ ки ҳануз

Бар забонҳо сухан аз нуқта ва паргор набӯд

Шавқами он рӯзи куҳан буд ки дар каъбау дайр

Ҳеҷ касро хабар аз сбҳаҳ ва зуннор набӯд

Аз азали гирди ҳавас бар дил қудсӣ нанишаст

Ҳаргизи ин оинаи силии хур зангор набӯд