Шикеби ошиқон , маъшӯқро девона ме созад
Муҳаббат , шамъро парвона парвона ме созад
зи санги мӯҳтасиб холӣ нагардад ҳалқаи мисатон
зи хоки як сабу , айёми сад паймона ме созад
Ба девори ҳарам чун такя кардам , чок зад ҷома
Сари шӯридаи ҳолон , сангро девона ме созад
Ту ҳам дар беқарорӣ ҳо маранҷ аз ман чу май бинӣ
Ки бо он саркашиҳо шамъ бо парвона ме созад
зи ҳарф ошно бигурез дар кӯй батон қудсӣ
Ки ин обу ҳаво бо мардум бегона ме созад