Ба азми ҷилва чу он глъзор бархезад
Нишони офият аз рӯзгор бархезад
зи шавқ тир нагунҷанд оҳӯон дар пӯст
Ба азми сайд чу он шаҳсавор бархезад
Агар ба мурдаи сад сола бигузарӣ зи лаҳад
зи шавқ рӯй ту беихтиёр бархезад
Ба сӯии ман чу гузар кардае дамӣ биншин
Ки ҳасрат аз дил умедвор бархезад
Ғами фироқи ту чун теғ бар миёни бандад
зи зиндагонии Хизр эътибор бархезад
зи абри дида азон сайли ашк май боРом
Ки ғайр азон сари кӯ , чун ғубор бархезад
Ба доғи ишқи ту қудсӣ чу ҷон диҳад , зи гулаш
Ба ҷои сабза , дил доғдор бархезад