Шуд даҳони шкргў ҳар захми нахҷӣри туро

Сайди пайкон хӯрда донад лиззати тири туро

Ҷузи ҳадиси бесутун дар базм ширин нагзарад

Офарин эй нолаи Фарҳоди таъсии туро

Ҷавр кун чандон ки битавонӣ ки рӯзи бозхост

Бар забони шиква шукр ояд Аннани гири туро

Аз чаҳ хокӣ эй дили вайрон ки аз рӯзи азал

Ҳеҷ кас аз пеш худ нагирифт таъмири туро

Бар дар девонагӣ зад бар сари кӯии ту дил

То ба гардани афканди зулф чу занҷири туро

Сайди дили наздику тири ғамзаи доим дар камон

эй шкорондоз боис чист тохири туро ?

Гар хатое рафт қудсии ҳарф навмидӣ мазан

Кӣ карямон бар ту мегиранд тақсири туро