Баҳр ҳар девонагар вайронае пайдо шавад

Кӣ ман бехонимонро хонае пайдо шавад ?

Шамъ бо он саркашӣҳо , то нигоҳи вопасин

Чашм бар роҳаст то парвонае пайдо шавад

Аз шароби маърифат , навмед натавон зистан

Пой хам гирем то паймонае пайдо шавад

Файз бисёраст аммо файз ҷӯён камтаранд

Пар бар оради санг агар девонае пайдо шавад

Заррае аз дӯст холӣ нест пеши орифон

Шамъ бисёраст агар парвонае пайдо шавад

Бо ҷавонон мекунам перонаи сари изҳори ишқ

То барои кӯдакони афсонае пайдо шавад

Саъй агар ноқис набошад , ҳеҷ кас бефайз нест

Хок ҳар деҳқон ки безӣ , донае пайдо шавад

Дасти шамшод аз куҷо , ороиши зулф аз куҷо

Сабр кун то дархури мӯ , шонае пайдо шавад