Олимӣ бар хеш болидам чу аз ман ёд кард
Бандаам то кард , гӯйии бандае озод кард
Сайди моро эҳтиёҷи заҳмат сайёд нест
Хӯни гарм аз дил равон шуд чун зи теғаш ёд кард
Расми маъмурии ҳамин дар кӯча сайласту бас
Оқибати ашкам ба коми ин шаҳрро обод кард
Ҳарфи марҳам дар миён оварад бо захмами табиб
Нӯки мижгонро хаёли дашна фӯлод кард
Муддаиро баҳрае чун аз ҳунармандӣ набӯд
Ҳарфи айби дигаронро ҷузв истеъдод кард
Бар сари бидодгар , бедод ояд оқибат
Теша кӣ бо бесутун кард ончӣ бо Фарҳод кард
Сӯии маҷнӯн ,гар на имшаби ноқаи раҳ гум карда буд
Маҳмили Лайлӣ чаро беш аз ҷарас фарёд кард
Нохунӣ аз шона дар зулфи ту бар доғаш нахурд
Дил ба ин умед , умрии такя бар шамшод кард
Қудсии он хиштӣ ки ман зодами зи модар бар сараш
Ишқи онро барад ҳарҷо , хонае бунёд кард